1 Май 2025 - 23:03
Source: ABNA
Ҳинд ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳавопаймоҳои покистонӣ баст

Ба сабаби афзоиши танишҳо бо Покистон, Ҳинд ҳарими ҳавоии худро барои тамоми ҳавопаймоҳои покистонӣ масдуд кард. Танишҳо миёни ду кишвар ба дунболи ҳамла ба Кашмир ва иттиҳомоти мутақобил идома дорад.

Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно — Ҳинд дар пайи шиддат гирифтани таниш бо Покистон, ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳавопаймоҳои покистонӣ масдуд кард.

Имрӯз панҷшанбе Ҳинд эълон кард, ки ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои покистонӣ мамнӯъ эълон кардааст.

Деҳлии Нав ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ эълон кард, ки ҳарими ҳавоии Ҳинд то 23 майи соли 2025 барои ҳавопаймоҳои сабтшуда ё иҷорагирифташуда дар Покистон, аз ҷумла парвозҳои низомӣ, масдуд аст.

Ин иқдоми Ҳинд пас аз он сурат гирифт, ки Покистон эълон кард иттилооти боэътимоде дарёфт кардааст, ки нишон медиҳанд Ҳинд дар ҳоли барномарезӣ барои иҷрои ҳамлаи низомии наздик аст.

Ин тасмим дар чаҳорчӯбаи танишҳои мустамир миёни ду кишвари Ҳинд ва Покистон қарор дорад, ки аз замони ҳамла ба бахши ҳиндии минтақаи Кашмир ва дар идома иттиҳом шудани Исломобод ба ин ҳамла аз сӯи Деҳлии Нав сар гирифтааст.

Дар ҳоле ки Исломобод ин иттиҳомро рад кард, аммо аз он замон ду кишвар ҳар рӯз дар тӯли марзҳои муштараки худ тирпарронӣ мекунанд ва иқдомоте ҳамчун ихроҷи дипломатҳои якдигар ва бастани марзҳоро дар пеш гирифтаанд.

Покистон рӯзи 24 апрел (4 май) ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳавопаймоҳои ҳиндӣ баста буд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha