29 Апрел 2025 - 19:31
Source: ABNA
Таркиши террористӣ дар Покистон 22 кушта ва маҷрӯҳ ба ҷо гузошт

Бар асари таркиши террористӣ дар минтақаи Вазиристони Ҷанубии Покистон, ҳадди ақал 22 нафар кушта ё маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайн (Абна), таркиш дар наздикии дафтари яке аз аъзои кумитаи сулҳ дар бозори Вана, воқеъ дар Вазиристони Ҷанубӣ, боиси марги 6 нафар ва маҷрӯҳ шудани ҳадди ақал 16 нафари дигар гардид.

Тасвирҳои мунташиршуда аз маҳалли ин таркиш дар манотиқи қабилаии Покистон, тахриби комили як бино ва дар зери овор мондани теъдоди зиёде аз шаҳрвандонро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, амалиёти наҷот ва кӯмак ҳамчунон идома дорад ва мардум дар ҳоли берун кашидани афроди дар зери овор мондашуда ҳастанд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркиши террористиро бар уҳда нагирифтааст ва пулиси шаҳри Вана таҳқиқот дар бораи ин ҳодисаро оғоз кардааст.

Қобили зикр аст, ки Вазиристони Ҷанубӣ ва Шимолӣ ба далели ҳаммарз будан бо Афғонистон дар чанд даҳаи ахир ҳамеша мавриди ҳамлаҳои террористии мухталиф қарор доштаанд ва ин манотиқ яке аз марказҳои аслии ноамнӣ дар Покистон ба шумор мераванд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha