29 Апрел 2025 - 19:33
Source: ABNA
Тахриби густурдаи масоҷид дар иёлати Уттар Прадеши Ҳинд

Ҳукумати иёлати Уттар Прадеши Ҳинд ҳадди ақал 20 масҷид ва мадрасаи исломиро дар радиуси 15 километрии марзи Ҳинд ва Непал тахриб кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайн (Абна), ҳукумати иёлати Уттар Прадеши Ҳинд ҳадди ақал 20 масҷид ва мадрасаи исломиро дар радиуси 15 километрии марзи Ҳинд ва Непал тахриб кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, ин иқдомот бар асоси моддаи 67-и қонуни даромад ва ба баҳонаи муқобила бо сохтмони ғайриқонунӣ анҷом гирифтааст. Дар минтақаи Шравостӣ 17 мадрасаи ғайрирасмӣ ва дар Сиддҳартҳ Нагар чанд масҷид ва мадраса дар заминҳои давлатӣ тахриб шуданд.

Ин иқдом, ба хусус дар минтақаҳои бо аксарияти мусалмон, вокунишҳои густурдаеро ба дунбол доштааст.

Нозирон онро ҳамлаи систематик ба ниҳодҳои динӣ ва омӯзишии ақаллияти мусалмон ва талоше барои ҳазфи ҳувияти динии онҳо дар минтақаҳои марзӣ медонанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha