Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал-Манар, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо содир кардани изҳорот ҳамлаи боздилонаи режими саҳюнистӣ ба киштии кумакҳои инсонии “Ал-Дамир” дар обҳои байналмилалиро ба шиддат маҳкум кард.
Дар ин изҳорот омадааст, ки таҷовуз ба ин киштии ғайринизомӣ ва ором, ки кумакҳои инсониро интиқол медод, нақзи ошкор қонунҳо ва маншурҳои байналмилалӣ ва арзишҳои инсонӣ ба шумор меравад.
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин изҳорот таъкид кардааст, ки режими саркаши саҳюнистӣ ҳеҷ гоҳ ба қонунҳо ва маншурҳои байналмилалӣ эҳтиром намегузорад ва аз истифодаи тамоми абзорҳои мамнӯъи байналмилалӣ парҳез надорад.
Ҳизбуллоҳи Лубнон эълон кард: “Мо бовар дорем, ки ин ҷиноят низ мисли дигар ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, агар бо пуштибонии ошкори Амрико аз режими муваққатии Исроил ҳамроҳ набуд, ҳеҷ гоҳ анҷом намешуд.”
Ин изҳорот хостори баландтарин сатҳи маҳкумиятҳои байналмилалӣ ва арабӣ алайҳи ин ҷиноят шуда ва таъкид кардааст, ки ин амал, моҳияти воқеии душмани саҳюнистӣ нишон дод.
Ҳизбуллоҳ хостори пуштибонии киштии Ал-Дамир ва тими он ва тамоми фаъолони ҳозир дар сафҳаи ин киштӣ шуда ва нисбат ба фиребкориҳои режими саҳюнистӣ дар ин хусус ҳушдор додааст.
Як киштии мансуб ба неруи озодӣ, ки ба сӯи Ғазза дар ҳаракат буд, рӯзи ҷумъа эълон кард, ки дар обҳои байналмилалӣ дар соҳилҳои Малта мавриди ҳамлаи як паҳподи режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст. Ҳангоми ҳамлаи паҳподии Исроил, каме пас аз нисфишаб ба вақти маҳаллӣ, 30 нафар дар киштӣ, ки ҳомили кумакҳои башардӯстона буд, ҳузур доштанд. Ин киштӣ пас аз ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ дучори оташсӯзӣ шуд.
Your Comment