Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба Ал-Ҷазира, дар ҳоле ки режими сионистӣ ҳамлаҳояшро алайҳи Каронаи Ғарбӣ идома медиҳад ва Идораи Худгардони Фаластин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии амниятиро бо сионистҳо барои саркӯби фаластиниҳо дар ин минтақа афзоиш додааст, таъйини Ҳусейн ал-Шайх, узви аршади Ҷунбиши Фатҳ ва шахсе, ки бо наздикӣ ба доираҳои амниятии Исроил шӯҳрат дорад, ба ҳайси муовини Маҳмуд Аббос, раиси ин идора, баҳсҳои зиёдеро дар миёни гурӯҳҳои фаластинӣ ва мардуми он ба вуҷуд овардааст ва саволҳои ҷадидеро дар бораи ояндаи раҳбарии Фаластин ва роҳи ормони Фаластин дар ин давраи буҳронӣ эҷод мекунад.
Дар замоне ки шаҳрҳои Каронаи Ғарбӣ, ба вижа Ҷенин, Тулкарм ва Ал-Халил, мавриди ҳамлаҳои муттасил ва ваҳшиёнаи сионистҳо қарор доранд, ки бо оворагӣ ва харобии систематикии зерсохторҳо ҳамроҳ аст, ба назар мерасад, ки Идораи Худгардони Фаластин бо чолишҳои рӯ ба афзоиш рӯбарӯ аст, ки ниёз ба баррасиҳои сиёсии воқеӣ дорад; ба хусус пас аз таҳаввулоти ахир дар сохтори ташкилии он.
Ҳусейн ал-Шайх: чеҳраи нописанди фаластиниҳо, мӯҳраи Исроил ва Амрико
Ҳусейн ал-Шайх соли 1960 дар Рамаллоҳ, дар замоне ки Каронаи Ғарбӣ таҳти контроли Урдун буд, таваллуд шудааст. Оилаи ӯ, ки аз деҳаи хурде дар наздикии Тел-Авив омада буд, дар миёни 700 ҳазор фаластинӣ буданд, ки дар пайи ҷангҳои соли 1948 аз хонаҳояшон ронда шуда ва қурбониёни оворагӣ буданд, ки фаластиниҳо имрӯз онро ҳамчун “Рӯзи Накбати Фаластин” ва як фоҷеа ёд мекунанд.
Вақте ки ӯ шашсола буд, Исроил Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғаззаро дар ҷанги соли 1967 дар Ховари Миёна ишғол кард, ва ӯ дар наврасӣ ба Ташкилоти Фатҳ пайваст. Аз ин рӯ, бахши зиёде аз даҳаи 1980-ро дар зиндонҳои Исроил сипарӣ кард ва дар он давра дар миёни мардуми Фаластин маҳбубият ва эътибор ба даст овард.
Пас аз таъсиси Идораи Худгардони Фаластин дар даҳаи 1990, ал-Шайх дар хадамоти амниятии Фаластин, ки ба тозагӣ таъсис шуда буд, ба кор шурӯъ кард, дар ҳоле ки умедҳои зиёде ба наздик шудани фаластиниҳо ба ташкили як кишвари мустақил вуҷуд дошт.
Соли 2007 ӯ ба унвони робиткунандаи асосии фаластиниҳо бо артиши Исроил таъйин шуд. Як сол баъд ба Шӯрои Раҳбарии Ташкилоти Фатҳ пайваст, ки бар Идораи Худгардони Фаластин ва Ташкилоти Озодихоҳи Фаластин тасаллут дорад.
Дар даҳаи баъдӣ, гарчанде талошҳои фаластиниҳо барои ташкили як кишвари мустақил ба мушкилот дучор шуд, аммо ал-Шайх ба Маҳмуд Аббос наздиктар шуд ва аксар вақт дар мулоқотҳои вай бо раҳбарони хориҷӣ ҳузур дошт.
Ҳусейн ал-Шайх аз афроди наздик ба Маҳмуд Аббос ва мӯҳраҳои мавриди назари Амрико ва Исроил барои ҷойгузинии Абӯмазен аст ва ба далели ҳамкории наздик бо доираҳои амниятии режими сионистӣ ва нақши барҷаста дар саркӯби фаластиниҳо дар Каронаи Ғарбӣ, дар миёни мардуми Фаластин чеҳраи нописанд ба шумор меравад.
Бар асоси назарсанҷиҳое, ки дар ду соли гузашта нашр шуда буд, танҳо 3 дарсади мардуми Фаластин Ҳусейн ал-Шайхро шоистаи раҳбарии худ медонистанд, ва ин яъне қариб тамоми миллати Фаластин ал-Шайхро мисли Аббос як шахсияти ғайримиллӣ медонанд, ки наметавон ба ӯ эътимод кард.
Даниэл Шапиро, сафири собиқи Амрико дар Фаластини ишғолшуда ва узви Муассисаи таҳқиқотии Шӯрои Атлантик дар Вашингтон, мегӯяд, ки Ҳусейн ал-Шайх мавриди ҳимояти мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ қарор дорад. Ӯ шахси ҷиддӣ аст, ки мақомоти Амрико метавонанд бо ӯ кор кунанд ва дар миёни мақомоти исроилӣ низ маҳбуб аст.
Роҳи пурчолиши Идораи Худгардон бо омадани ал-Шайх
Дар ин замина, доктор Ҳасан Хурайша, муовини раиси Шӯрои Қонунгузории Фаластин, бо изҳори шак дар амали Шӯрои Марказӣ барои таъйини Ҳусейн ал-Шайх ба муовинии раиси Идораи Худгардон гуфт, ки таъйини Ҳусейн ал-Шайх дар посух ба фишорҳои Амрико ва Исроил ва бархе режимҳои арабӣ бо ҳадафи бозтавлиди як модели сиёсӣ дар Фаластин, ки ҳамсӯ бо сиёсатҳои Вашингтон ва Тел-Авив бошад ва ифодакунандаи иродаи миллати Фаластин нест, сурат гирифтааст.
Ӯ таъкид кард: Таъйини муовини раиси Идораи Худгардон бояд аз тариқи интихоботи озоди мардумӣ анҷом мешуд, на аз тариқи як тасмими дохилии маҳдуд ба Шӯрои Марказӣ. Ҳамчунин дар нишасти Шӯрои Марказӣ ба ин манзур бисёре аз гурӯҳҳои фаластинӣ ҳузур надоштанд. Ин ба ин маъност, ки дар ҷаласае, ки ин амали муҳим дар он анҷом шуд, ҳадди нисоби сиёсии воқеӣ вуҷуд надошт.
Ин намояндаи фаластинӣ бовар дорад, ки он чи рух додааст, инҳироф аз масири ислоҳоти воқеӣ аст, ки фаластиниҳо интизори он буданд. Ислоҳоти сиёсӣ бояд аз тариқи иродаи умумии васеи мардум ба вуҷуд ояд, на аз тариқи истибдод дар дохили сохтори Ташкилоти Озодихоҳ, ки бо ҳадафи хуруҷи ин ташкилот аз буҳрон ва ҷалби ризоияти тарафҳои хориҷӣ анҷом мегирад.
Ӯ изҳор дошт: “Хатари воқеӣ на танҳо дар набудани иҷмоъ бар сари раҳбарӣ, балки дар ҳамоҳангии амниятии доимии Идораи Худгардон бо душман ва фарсоиши тарҳи миллӣ аст, ки таҳдиде барои идомаи ихтилоф дар ҷомеаи фаластинӣ ва парокандагии ваҳдати сафҳои миллӣ дар баробари ишғолгарон ба шумор меравад.”
Таъйини ал-Шайх ба муовинии Аббос мувофиқи барномаҳои Исроил аст
Раҷо Абдулҳақ, таҳлилгари сиёсии фаластинӣ, дар ин замина эълон кард: “Таъйини Ҳусейн ал-Шайх ба унвони муовини раиси Идораи Худгардон, қисме аз тарҳи бузургтар барои бозсозии раҳбарии Фаластин мувофиқи барномаҳои Исроил ва Амрико аст; ба ин сурат, ки раҳбароне ба кор биёянд, ки бо идомаи истикболият ва шаҳраксозиҳои сионистӣ дар Фаластин мухолифате надошта бошанд.”
Ӯ афзуд: “Ин таъйин ёдовар таҷрибаи Салом Файёз, нахуствазири пешини Идораи Худгардон дар Каронаи Ғарбӣ аст; ҷое ки ӯ ба ҷои пеш гирифтани раванди муборизаи миллӣ барои озодӣ, фақат ба мудирияти умури рӯзмарраи фаластиниҳо мепардохт.”
Ин таҳлилгари фаластинӣ таъкид кард: “Таъйини Ҳусейн ал-Шайх ба унвони муовини Маҳмуд Аббос боиси ноумедии бештари мардуми Фаластин мешавад ва умедҳоро барои тағйири воқеӣ дар сохтори Ташкилоти Озодихоҳ, мувофиқи фидокориҳои мардуми мо дар Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғазза, ба хусус бо ташдиди таҷовузоти ваҳшиёнаи душмани сионистӣ алайҳи ғайринизомиёни ғайримусаллаҳ дар Ғазза, хеле камранг мекунад.”
Ӯ қайд кард: “Пардохтан ба баҳси таъйини муовини раиси Идораи Худгардон ва интихоби фарде мисли Ҳусейн ал-Шайх ба ин манзур, бидуни таваҷҷӯҳ ба шароити фоҷеабори Каронаи Ғарбӣ ва Ғазза, боби ҷадиде дар буҳрони Фаластин аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ришаҳои даргирӣ бо ишғолгарон намепардозад.”
Теғи хонадони ал-Шайх зери гулӯи мардуми Фаластин дар Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ
Вебгоҳи шабакаи расонаии Фаластин дар гузорише навишт, ки дар миёни корномаи сиёҳе, ки Ҳусейн ал-Шайх мисли дигар вобастагони Идораи Худгардон дорад, манобеи фаластинӣ эълон карданд, ки ал-Шайх ва хонаводааш ба тамаъкорӣ ва таҳмили молиётҳои сангин бар шаҳрвандони фаластинӣ дар Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғазза шӯҳрат доранд ва рикорди расвоиҳои шармоварро ба қайд расонидаанд.
Бародарзодаҳои Ҳусейн ал-Шайх дар давраи ахир ва пас аз оғози ҷанги Ғазза ба тамаъкорӣ ва таҳмили молиётҳои сангин бар тоҷироне, ки барои мардуми муҳосирашуда дар Навори Ғазза коло мефиристоданд, пардохтаанд.
Фаъолони фаластинӣ ошкор карданд, ки хонаводаи Ҳусейн ал-Шайх, шаҳрвандон ва тоҷирони фаластиниро, ки ба Ғазза кӯмак мекунанд, мавриди озору азият қарор медиҳанд ва онҳоро маҷбур мекунанд, маблағҳои бузургеро ба унвони молиёт ва дар воқеъ тамаъкорӣ пардохт кунанд.
Юсуф Шанаъа, фаъоли ҳуқуқи башари фаластинӣ, ҷузъиёти амалҳои хоинкоронаи бародарзодаҳои Ҳусейн ал-Шайхро алайҳи мардуми Фаластин ошкор карда ва гуфт: “Онҳо бо зӯргӯӣ ва тарсондан маблағҳои бузургеро аз фаластиниҳо мегиранд ва ба далели хешовандӣ бо Ҳусейн ал-Шайх дар ин замина озодии амал доранд.”
Ин фаъоли фаластинӣ таъкид кард: “Хешовандони Ҳусейн ал-Шайх тоҷиронро озор медиҳанд ва онҳоро маҷбур мекунанд, маблағҳои бузургеро дар ивази вуруди коло ба Ғазза пардохт кунанд. Ман аз Ҳусейн ал-Шайх дар бораи корҳое, ки бародарзодаҳояш мекунанд, савол дорам. Онҳо аз оғози ҷанги Ғазза ҳазинаҳо ва боҷҳои гузоферо барои ҳар камионе, ки вориди Ғазза мешавад, ҷорӣ кардаанд, ва молиёт бар як камион аз 40 ҳазор шекел (воҳиди пули режими сионистӣ) фаротар рафтааст, ва ҳар касе, ки ин ҳазинаро пардохт накунад, колояш дар анбор пӯсида мешавад ва ҳама чизро аз даст медиҳад.”
Юсуф Шанаъа, хатиб ба Ҳусейн ал-Шайх, гуфт: “Чаро бародарзодаҳои шумо ин корро мекунанд, ва мақоми миллии ва қонунии онҳо чист, ки ба онҳо иҷоза медиҳад, ин амали хоинкорона, ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқиро анҷом диҳанд? Пулҳое, ки аз ин кор ба даст меоранд, куҷо меравад? Кӣ аз он суд мебарад ва ҳазорон саволи дигар. Тоҷирон дар Навори Ғазза маҷбур шуданд нархи маводи ғизоиро барои мардуми мазлум ва муҳосирашуда дар Навори Ғазза ба далели ҷиноятҳое, ки бародарзодаҳои Ҳусейн ал-Шайх содир мекунанд, афзоиш диҳанд.”
Фаъолони фаластинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо нашри паёмҳои зиёде таъкид карданд, ки Ҳусейн ал-Шайх дар садри феҳристи ҳамдастон бо душмани сионистӣ қарор дорад, ва ӯ ва шариконаш муздурони Исроиланд, ки дин ва бародарони худро ба як динор мефурӯшанд ва бояд ба мардуми Фаластин ҳисоб пас диҳанд.
342/
Your Comment