28 Апрел 2025 - 20:58
Source: ABNA
Намояндаи Эрон барои иштирок дар иҷлоси Маҷмаи Ҷаҳонии Фиқҳи Исломӣ ба Қатар сафар мекунад

Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Оятуллоҳ Аҳмад Мубалиғӣ, ҳамроҳ бо як ҳайати ҳавзавӣ ба зудӣ барои иштирок дар бисту шашумин иҷлоси Маҷмаи Ҷаҳонии Фиқҳи Исломӣ ба Қатар сафар хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно, ин иҷлос, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои илмӣ ва фиқҳӣ дар ҷаҳони ислом аст, бо ҳузури фақеҳон, уламо ва андешмандони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор мешавад.

Маҷмаи Ҷаҳонии Фиқҳи Исломӣ, ки соли 1983 таъсис ёфта ва дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷойгир аст, ниҳоди вобаста ба Созмони Ҳамкории Исломист. Ин маҷма бо ҳадафи посухгӯӣ ба масоили навпайдои фиқҳӣ ва таҳияи дидгоҳҳои исломӣ бар асоси Қуръон, Суннат ва иҷтиҳоди боэътимод фаъолият мекунад.

Оятуллоҳ Аҳмад Мубалиғӣ, узви Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ ва устоди дарси хориҷи ҳавзаи илмияи Қум, ҳамчун намояндаи Эрон дар ин маҷма нақши муҳиме дар пешниҳоди дидгоҳҳои фиқҳи шиа барои тақвияти гуфтугӯи фиқҳӣ миёни мазҳабҳои исломӣ ифа мекунад.

Дар иҷлоси бисту шашум мавзӯъҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  1. Масоили нав дар ҳимоят аз кӯдакон.
  2. Аҳком, шартҳо ва ахлоқи марбут ба зеҳни сунъӣ.
  3. Қоидаи истисҳоб ва корбурдҳои он дар масоили муосир.
  4. Бозиҳои электронӣ ва аҳкоми фиқҳии марбут ба онҳо.
  5. Таъсири бемориҳои равонӣ бар аҳлият дар шариати исломӣ.
  6. Масоили нав дар саноати молии исломӣ, аз ҷумла:
    • Пардохти изофа дар қарз аз ҷониби шахси сеюм.
    • Ҳукми гирифтани музд барои содироти кафолатномаҳои бонкӣ.
  7. Ҳокимияти шаръӣ дар муассисоти молии исломии муосир.
  8. Масоили нав дар саноати маҳсулоти ҳалол, аз ҷумла:
    • Аҳкоми забҳ ва тарзи наҳр.
    • Ҳукми истеъмоли гӯшти парваришёфта дар озмоишгоҳ.
    • Баррасии аҳкоми маводи ғизоии тағйирёфтаи генетикӣ.
    • Ҷойгоҳи ҳашарот ҳамчун ғизо.
    • Аҳкоми ғизодиҳии кӯдакони нораси бо шири модарони маълум ё номаълум.

Ин иҷлос имкони муҳиме барои табодули афкор, баррасии чолишҳои фиқҳии рӯз ва пешниҳоди роҳкорҳои амалӣ бар асоси усули исломӣ хоҳад буд. Ҳузури фаъоли Эрон дар ин нишаст нишондиҳандаи талоши кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фиқҳӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha