21 Апрел 2025 - 22:18
Source: ABNA
Посухи қотеъонаи Чин ба Амрико: Қонуни ҷангалро иҷро нахоҳем кард

Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин таъкид кард: Мо иҷоза нахоҳем дод, ки қонуни ҷангал бар ҷаҳон ҳоким шавад ва бо қудрат аз манфиатҳои миллии худ дифоъ хоҳем кард.

Ба гузориши хабаргузории Ахли Байт (а) – Абна –, Чин ба кишварҳое, ки дар ҳоли имзои тавофуқҳои тиҷоратӣ бо Амрико ҳастанд, ҳушдор дод ва эълон кард: Агар кишваре барои манфиатҳои кӯтоҳмуддат, манфиатҳои дигаронро зери по гузорад, гӯё пӯсти шер талаб кардааст!

Бар асоси гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ, Чин ҳушдор додааст, ки кишварҳо аз тавофуқҳое, ки ба манфиатҳои Чин осеб мерасонанд ва ба фармони Амрико анҷом мешаванд, дурӣ кунанд.

Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин дар баёнияе эълон кард: Чин бо тамоми тавон аз ҳуқуқ ва манфиатҳои худ дифоъ хоҳад кард ва агар кишваре бар хилофи манфиатҳои Чин тавофуқе анҷом диҳад, бо вокуниши шадид ва иқдомоти мутақобили Чин рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин Амрикоро муттаҳам кард, ки ба номи баробарӣ, бо шарикони тиҷоратии худ ноодилона рафтор мекунад ва онҳоро маҷбур ба музокироти ҳамроҳ бо боҷҳои сангин мекунад.

Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин афзуд: Рафтори якҷонибаи Амрико низоми тиҷорати ҷаҳониро ба хатар андохта ва агар ин сиёсатҳо пазируфта шаванд, низоми ҷаҳонӣ ба сӯи “қонуни ҷангал” бозмегардад; ҷое ки қудратмандон бар заифон зулм мекунанд.

Вай дар идома таъкид кард: Мо иҷоза нахоҳем дод, ки қонуни ҷангал бар ҷаҳон ҳоким шавад ва бо қудрат аз манфиатҳои миллии худ дифоъ хоҳем кард.

Ин баёния дар шароите содир шуда, ки Амрико дар ҳоли фишор бар чанд кишвар барои коҳиши равобити тиҷоратӣ бо Чин аст, то аз ин тариқ, имтиёзоте дар заминаи коҳиши боҷҳои гумрукӣ ба даст орад.

Шоён аст, ки Амрико то 145 дарсад боҷ бар молҳои чинӣ вазъ карда ва Чин низ дар посух, боҷе то 125 дарсад бар маҳсулоти амрикоӣ татбиқ кардааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha