22 Апрел 2025 - 20:00
Source: ABNA
Фалсафаҳои вуҷудии Сипоҳи Посдорон, ҳимоят аз мазлум ва муқобила бо золим аст

Сипоҳ дар иттиҳод ва ҳамроҳии комил бо дигар нерӯҳои мусаллаҳ, дар баробари ҳаргуна таҷовуз ба унсурҳои иқтидор, амнияти миллӣ ва ҳувияти инқилобӣ, ба хусус тавассути ҷанги таркибӣ ва тавтеъаҳои навин, посухи саривақтӣ, қатъӣ ва пушаймонкунанда хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) – Абна – Сардор Наини ба муносибати 46-умин солгарди таъсиси Сипоҳ гуфт: “Сипоҳ барои тавсеаи андешаҳои ҷиҳодӣ ва зулмситезӣ дар миёни миллатҳои мазлум ва кумак ба наҳзатҳои исломӣ дар ҷабҳаи муқовимат ифтихор мекунад.”

Сухангӯи Сипоҳи Посдорон афзуд: “Фалсафаи вуҷудии Сипоҳ бар асоси ‘Куну лиз-золим хасман ва лил-мазлум авнан’ устувор аст ва ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ва муқобила бо режими саҳюнистӣ дар ҳамин росто таъриф мешавад.”

Вай бо баёни ин ки тавонмандиҳои Сипоҳ онро ҳадафи тавтеъаҳо, таҳримҳо ва тахрибҳо қарор додааст, таъкид кард: “Сипоҳ ҳеч гоҳ мутаваққиф нашуда ва тавоноиҳои худро рӯз ба рӯз афзоиш додааст.”

Вай бо ишора ба муҷоҳидатҳои Нерӯи Қудси Сипоҳ низ изҳор дошт: “Пайгирии ормони Фаластин ба унвони масъалаи аввали ҷаҳони ислом, пуштибонии маънавӣ аз муҷоҳидони фаластинӣ, интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Лубнон ва Фаластин ва ёрирасонии маҷрӯҳони ҷиноятҳои саҳюнистҳо, бахше аз талошҳои муҷоҳидони бидуни марзи Нерӯи Қудс будааст.”

Вай таъкид кард: “Сипоҳ ҳамчунон посдори устувори Инқилоби Исломӣ ва дастовардҳои он боқӣ хоҳад монд ва посдорон ҳофизони ҳудуди илоҳӣ ва ҳувияти инқилоб ҳастанд.”

Сардор Наини дар поён гуфт: “Сипоҳ дар иттиҳод ва ҳамроҳии комил бо дигар нерӯҳои мусаллаҳ, дар баробари ҳаргуна таҷовуз ба унсурҳои иқтидор, амнияти миллӣ ва ҳувияти инқилобӣ, ба хусус тавассути ҷанги таркибӣ ва тавтеъаҳои навин, посухи саривақтӣ, қатъӣ ва пушаймонкунанда хоҳад дод.”

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha