Ба эътиқоди таҳлилгарони музокироти ҳастаии Эрону Амрико дар Рум нишондиҳандаи талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо ва ҳалли ихтилофот аст. Онҳо ин музокиротро фурсате барои исботи ҳаққи Эрон дар доштани барномаи ҳастаии сулҳомезу рафъи таҳримҳои ғайриқонӯнӣ медонанд.
Ба гузориши Порс Тудей, корбаре дар шабакаи Х бо номи Алӣ дар ин бора навишт: “Музокироти Рим нишон дод, Эрон бо иқтидор пои мизи музокира менишинад. Ҳаққи ҳастаӣ мо хати қирмиз! Амрико бояд таҳримҳоро бардорад, вагарна ҳеҷ тавофуқе дар кор нест.”
Дигар корбари Х бо номи Раҳматулоҳи Бегдилӣ ҳам дар паёме ба давраи дувуми музокироти Эрону Амрико ишора карда ва гуфт: “Тадбири раҳбарӣ дар эҷоди ваҳдати калима дар ҷиҳати манофеи миллӣ роҳгушо будааст. Вақте ҳамаи аркони низом мувофиқи ин масиранду мардуми якпорча хушҳоланд ба ин маъност, ки низом, миллату кишвар дар рейли саҳеҳ қарор гирифтаанд.”
Корбари дигаре бо номи Ҷавод низ навишт: “ Музокироти Рум, яъне Эрон ба Амрико ва Исроил нишон дод зӯрашон ба мо намерасад. Ғанисозии 60%-ро ҳифз мекунему таҳримҳоро хунсо.”
Нозӣ дигар корбари форсизабони Х ҳам афзуд: “Музокироти Рим, саҳнаи иззати Эрон! Ҳама боҳам бояд аз тими музокиракунандамон ҳимоят кунем. На хушбинӣ аллакай, на бадбинии маҳз. Ҳастаӣ ҳаққамон аст ва умедворам аз ин ҳақ муҳкам дифо шавад.”
Ёсири Оқоӣ низ навишт: “Ҳеҷ мавзеи тунде аз сӯи раиси ҳайати амрикоӣ ва тими ҳамроҳи вай дар музокира бо Эрон мушоҳида нашуд. Ин рӯйкард комилан бо мавозеъи расмӣ ва пурҳайёҳуи давлати Доналд Трамп дар бораи Эрон мутафовит будааст.”
Аҳмад Зайдободӣ ҳам бо паёме таҳти унвони таъхири машкӯк! Навишт: “Мақомҳои амрикоӣ то ин лаҳза ҳеҷ изҳориназаре дар мавриди фазои ҳоким бар даври дувуми музокира бо мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ дар Рум накардаанд. Таъхирашон қадре машкӯк аст, аммо ҳамин ки қарор ба баргузории даври сеюми музокирот шудааст, худаш нишонгари умед ба ояндааст.”
Меҳдия Алиёрӣ низ гуфт: Музокироти Рум танҳо бахше аз талошҳои густардаи дипломасии Эрон аст. Бо ҳифзи ваҳдати дохилӣ, бояд аз тими музокиракунанда ба унвони намояндагони Эрон ҳимоят кард. Эрон мунзавӣ несту чархаи сулҳомези ҳастаӣ хатти қирмизи мост.
Се нуктаи ҳифзи барномаи ҳастаии Эрон, музокира аз мавзеи қудрат ва эътимод ба тими музокиракунандаро метавон аз муҳимтарин назароти корбарони Х дар давраи дувуми музокирот арзёбӣ кард.
342/
Your Comment