9 Апрел 2025 - 22:14
Source: Parstoday
Фасли ҷадиди ҳамкориҳои Эрон ва Ҷопон дар заминаи фанноварӣ ва зеҳни сунъӣ

Порс Тудей - Муовинони вузарои иртибототи Эрону Ҷопон дар дидоре бар густариши ҳамкориҳои фанноварона дар ҳавзаҳои калидии зеҳни сунъӣ, иқтисоди диҷитал ва тавсеаи зерсохтҳои пойдори иртиботӣ таъкид карданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо,  Эҳсон Читсоз, муовини сиёсатгузорӣ, барномарезии тавсеаи фанноварии иттилооту иртиботот ва иқтисоди диҷитали вазорати иртибототу фанноварии иттилооти Эрои имрӯз чаҳоршанбе дар дидор бо Taku Imagawa, муовини байналмилалии вазорати умӯри дохилӣ ва иртибототи Ҷопон (MIC) дар Токио, зимни муаррифии барномаҳои роҳбурдии Эрон дар заминаи ҳуши маснуъӣ, тақвияти зерсохтҳои иртиботӣ, ҳимоят аз экосистемаи астортопӣ ва ҳукмронии додаҳо, ҳамкорӣ бо Ҷопонро фурсате муғтанам барои густариши ин барномаҳо баршумурд.

Taku Imagawa низ зимни истиқбол аз пешниҳодоти муовини вазири иртибототи Ҷумҳурии исломӣ, омодагии комили кишварашро барои оғози фасли навине аз ҳамкориҳои диҷитал миёни Ҷопону Эрон иброз кард.

Вай дар ин дидор изҳор дошт: «Эрон бо нигоҳе бумӣ ва баландмуддат, масири таҳаввули диҷиталро дунбол мекунад ва Ҷопон аз ин рӯйкард ҳимоят карда ва омодагии комил дорад то бо баррасии пешниҳодҳои созандаи Эрон, ба ин ҳамкориҳо ҷомаи амал бапушанд.»

Дар поён, ду тараф барои ташкили як коргурӯҳи муштараки иҷроӣ ба манзури пайгирӣ ва таҳаққуқи аҳдофи матраҳ шуда ба тавофуқ расиданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha