Рӯзномаи «Yedioth Ahronoth» бо истинод ба додаҳои ширкати байналмилалии «Henley Partners», ки дар ҳавзаи муҳоҷират тахассус дорад ба ҳамроҳи ширкати New World Wealth дар замина таҳлили додаҳои сарвати ҷаҳонӣ, аз коҳиши қобили таваҷҷуҳи ҷамъияти сарватмандон дар Исроил хабар додааст.
Ба гузориши Порс Тудей ва ба нақл аз Форс, бар асоси ин гузориш, дар соли 2024 ҳудӯди 22 ҳазору 600 миллионер дар шаҳрҳои Тел Авив ва Herzliya сокин будаанд, дар ҳоле, ки ин рақам дар соли 2023 болиғ бар 24 ҳазору 300 нафар будааст.
Ин омор нишон медиҳад, ки дастикам 1700 миллионер дар тӯли як соли гузашта Исроил (сарзаминҳои ишғолӣ)-ро тарк кардаанд.
Ин ширкат ишорае мустақим ба далоили муҳоҷирати сарватмандон аз Исроил накарда, аммо гузоришҳои мутааддиде дар моҳҳои гузашта нишон додаанд, ки мавҷи хурӯҷи сармоядорон ва шаҳрвандони мураффаҳи исроилӣ таҳти таъсири ҷанги Ғазза ва паёмадҳои иқтисодӣ ва амниятии он шиддат гирифтааст.
Аз таърихи 7 октябри 2023, таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза бо пуштибонии Амрико, то кунун мунҷар ба беш аз 166 ҳазор кушта ва захмӣ дар миёни фаластиниён шуда, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд ва ҳамчунин беш аз 11 ҳазор мафқуд ва тахриби густардаи зерсохтҳои ғайринизомиро дар пай доштааст.
«Yedioth Ahronoth» ду рӯз пеш низ аз афзоиши нигаронкунандаи муҳоҷирати неруи инсонии мутахассис дар бахши фанновариҳои пешрафта пас аз оғози ҷанги Ғазза дар октябри 2023 хабар дод.
Бар асоси додаҳои мунташир шуда аз сӯи «Созмони навоварии Исроил», аз замони оғози ҷанг то июли 2024, ҳудӯди 8,300 нафар аз коркунони ин санъати Исроил (сарзаминҳои ишғолӣ)-ро тарк кардаанд. Ин рақам муодили 2.1 дарсад аз кулли коркунони бахшҳои таки Исроил аст.
Ин ниҳоди расмӣ ҳушдор додааст, ки ин омор «бисёр нигаронкунанда» аст ва чашмандози бозори кор дар санъати фанноварии Исроил барои соли 2025-ро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.
Бар асоси гузориши рӯзномаи иқтисодии «Demarker »-и Исроил мавҷи ҷадиди ҳамалоти мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба аҳдофе дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ, таъсироти мустақиму малмӯсе бар зиндагии рӯзмарра ва иқтисоди Исроил гузоштааст.
Demarker менависад: Ҳамзамон бо идомаи ҳамалоти Исроил ба Навори Ғазза, ҷомеъаи саҳюнистӣ акнӯн бо паёмадҳои тасмимоти сиёсӣ ва низомии худ мувоҷеҳ шуда ва эҳсос мекунад баҳои ин тасмимотро бояд аз ҷайби худ бипардозад.
Your Comment