9 Апрел 2025 - 22:10
Source: Parstoday
Сарнагунии ҳаждаҳумин паҳподи «MQ-9»-и Амрико бар фарози Яман

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки падофанди ҳавоии ин кишвар ҳаждаҳумин паҳподи « MQ-9» амрикоиро сарнагун кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман имрӯз чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард: Дар посух ба таҷовузҳои мукаррари Амрико ба Яман ва шаҳиду захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони яманӣ, падофанди ҳавоии Яман тавонист як паҳподи амрикоии MQ-9-ро, ки дар ҳоли анҷоми маъмурияти хасмона дар ҳарими ҳавоии устони Ал Ҷавфи Яман буд, сарнагун кунад.

Вай гуфт, ки ин амалиёт бо мӯшаки муносиби тавлиди дохилӣ анҷом шудааст.

Яҳё Сареъ афзуд, ин сеюмин паҳподи амрикоӣ аст, ки неруҳои мусаллаҳи Яман тайи 10 рӯзи гузашта сарнагун карданд ва ба таври куллӣ аз замони оғози набарди фатҳи мавъӯду ҷиҳоди муқаддаси артиши Яман дар ростои пуштибонӣ аз Ғазза, 18 паҳподи амрикоӣ аз ин навъи сарнагун шудааст.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ба амалиёти худ дар ҳимоят аз Ғазза ва ба маъмуриятҳои дифоии худ дар муқобила бо ҳаргуна таҷовуз ба Яман низ идома хоҳем дод. Мо омодагии комил дорем, ки бо ҳар гуна талош барои осеб задан ба ҳокимият, амният ва суботи кишвари худ бархӯрд масъӯлона дошта бошем ва то замони таваққуфи таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, амалиёти мо мутаваққиф нахоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷангандаҳои амрикоӣ бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) устони Ал Ҳудайдаи Яманро бомбаборон карданд.

Дар ҳамлаи ҷангандаҳои Амрико ба устони Ал Ҳудайда дар ғарби Яман, токунӯн 6 шаҳрванди ғайринизомӣ ба шаҳодат расидаанд. Бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Яман, се нафар аз ин шуҳадо кӯдаку дутани дигар зан ҳастанд.

Дар ин ҷиноят, 16 ғайринизомӣ низ захмӣ шуданд ва бо таваҷҷуҳ ба поён наёфтани оворбардорӣ, эҳтимоли афзоиши шумори шуҳадо ва захмиҳо вуҷӯд дорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha