Ба гузориши ИКНА ба нақл аз шабакаи "Арабӣ 21", Дорулифтои Миср дар ин баёния изҳор дошт: ҷиҳод дар Ислом мафҳуме шаръӣ ва дорои шарту назми муайян аст ва ҳеҷ гурӯҳ ё муассисаи ғайрирасмӣ ҳаққи судури фатво ё даъват ба ҷиҳодро берун аз сохторҳои расмии динӣ ва давлатӣ надорад.
Дар идомаи ин баёния омадааст: чунин ҳаракатҳои таҳриккунанда боиси ноамнӣ ва бесуботии бештар мегардад ва натиҷаҳои фоҷиаборе барои худи кишварҳо ва миллатҳои исломӣ дар пай хоҳад дошт.
Дорулифто таъкид кард: кӯмак ба миллати Фаластин ва ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён вазифае динӣ ва инсонӣ аст, ба шарте ки ин кӯмак дар чорчӯби воқеият ва ба суди мардуми Фаластин бошад, на бо иқдомоти шитобкоронае, ки ранҷҳои онҳоро бештар ва бӯҳронҳоро амиқтар мекунад.
Ин ниҳоди фатвогузории Миср илова кард: эълони ҷиҳод ва қарор барои оғози ҷанг аз назари шариат танҳо тавассути давлатҳои исломӣ ва раҳбарони сиёсӣ машрӯъ дониста мешавад.
Ин марказ ҳамчунин гуфт: ҳар гуна даъвате, ки мардумро ба сарпечӣ аз қонунҳои расмии кишварҳои худ таҳрик мекунад, мухолифи аҳкоми Ислом буда, метавонад заминаи нооромӣ ва фасодро дар замин фароҳам созад.
Дар ин баёния омадааст: нодида гирифтани воқеиятҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии ҷаҳони Ислом ва даъват ба муқовимат бидуни дарназардошти авоқиби он, бо аҳдофи олии шариати Ислом, ки бар ҳифзи манфиат ва дурсозии зиён таъкид дорад, дар муноқиз аст.
Ёдовар мешавем, Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон чанде пеш бо судури як фатво, ҷиҳод дар ҳимоят аз Ғаззаро воҷиби айнӣ эълом карда буд ва таъкид дошт, ки муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ ва ҳамдастони низомии он дар қатлиомҳои Ғазза воҷиб аст.
Маркази исломии Ал-Азҳар низ ба нишони ҳамраъйӣ бо миллати Фаластин, ки ба шакли ваҳшиёнае зери ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ қарор дорад, парчами Фаластинро ба нишонаи расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зам намуд.
342/
Your Comment