7 Апрел 2025 - 00:05
Source: Parstoday
Рӯнамоӣ аз романи русии «Шағолҳо ҳарифи шер намешванд» бо мавзӯъи зиндагонии сардор Сулаймонӣ

Романи русии «Шағолҳо ҳарифи шер намешванд» баргирифта аз зиндагии сардори шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ба зудӣ рӯнамоӣ мешавад.

 Маросими рӯнамоӣ аз романи русии «Шағолҳо ҳарифи шер намешаванд» баргирифта аз зиндагии сардори шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ, асари Олег Рой, нависандаи машҳури Русия, чаҳоршанбе (нӯҳуми апрел) дар Хонаи китоби Маскав баргузор хоҳад шуд. Ба гузориши Порстудей, фароянди нигориш ва интишори ин асар, ки ба ибтикори ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия тавлид шудааст, ду сол ба тӯл анҷомид.

 Дар ин китоб ривояти достонӣ ва ҷаззоб аз навҷавонӣ то шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар 285 сафҳа барои мухотаби рус баён шудааст.

 Китоби «Шағолҳо ҳарифи шер намешванд»тавассути интишороти мӯътабари «Ваче» дар ибтидои соли ҷории мелодӣ мунташир ва ба бозори китоби Русия арза шуд.

 Олег Рой, нависандаи беш аз 90 роман барои бузургсолон ва аз чеҳраҳои маҳбуб ва пуртарафдори Русия аст. Ин нависанда дар солҳои ахир аз назари кулли тиражи солонаи китобҳое, ки мунташир мекунад, ҷузви панҷ нафари бартари Русия буда ва дар садри феҳристи нависандагони китобҳои достонӣ қарор дорад.

Олег Рой дар дидор бо Масъуд Аҳмадванд, ройзани фарҳангии Эрон дар Русия пас аз поёни нигориши китоб, изҳор дошт: Ин роман ба сабки қобили дарк барои ҷавонони имрӯзӣ дар бораи шахсияти барҷаста, ки барои бисёре афрод дар Русия камтар шинохта шуда буд, навишта шудааст. Ин роман дар бораи зиндагии яке аз дурахшонтарин инсонҳое аст, ки барои шукӯҳ ва сарбаландии кишвар ва динашон то пойи эҳдои ҷони худ рафтаанд.

 Олег Рой афзуд: Мехостам иттилооти нодурустеро, ки тавассути расонаҳои ғарбӣ дар бораи шаҳид Сулаймонӣ ривоят мешавад, барои хонандагон ва мухотабони кишварам беасар ва ба ҷойи он, воқеиятро дар бораи ин қаҳрамон аз забони шахсиятҳои ин асар, ривоят кунам.Вай иброз дошт: Ҳадафи дигарам аз нигориши ин китоб, таҳкими дӯстии мо, дӯстӣ байни мардуми Русия ва Эрон, дӯстии пойдор бар асоси эҳтироми мутақобил ба суннатҳо, арзишҳо ва фарҳанги якдигар аст. Эрониҳо воқеан шабеҳи мо ҳастанд. Онҳо ба эътиқодот ва суннатҳои худ пойбанданд ва дар эътиқодоти мазҳабӣ бисёр содиқ. Онҳо монанди мо ёди қаҳрамонони худро гиромӣ медоранд ва метавонанд бидуни тардид ҷони худро барои меҳанашон фидо кунанд. Ҳамчунин мо ва эрониён душманон яксоне дорем. Ин душманон ҳам бо онҳо ва ҳам бо мо музёна ва разилона амал мекунанд.

 Олег Рой афзуд: Сардор Қосим Сулаймонӣ барои ҳамеша дар хотири мардуми Эрон зинда хоҳад монд ва ормоне, ки ӯ тамоми зиндагии худро вақфи он кард, дар ниҳоят пирӯз хоҳад шуд.

Мо дар ҳоли сохтани ҷаҳони чандқутбӣ ҳастем; ҷаҳоне, ки дар он, бидуни зулм ба якдигар, тамаддунҳои бо адён, суннатҳо ва арзишҳои мутафовит дар канори ҳам тавсеа хоҳанд ёфт. Эрон ба ҳаққ яке аз қутбҳои ин ҷаҳон хоҳад буд ва ин одилона аст; Фарҳанги Эрон, ҳуввияти он, шахсияти мардумаш комилан шоистаи он аст. Оё ҳоҷҷ Қосим Сулаймонӣ ин рӯъёро дида буд? Ман фикр мекунам, бале ва бо вуҷуди инки имрӯз дар байни мо нест, рӯъёи ӯ ба ҳақиқат хоҳад пайваст.Дар бахше аз ин китоб бо унвони «сухани нависанда» омадааст: «Чаҳору ним сол аз рӯзе мегузарад, ки амрикоиҳо муртакиби ҷиноят разилона ва ғайриқобили тавҷеҳи террори сардор ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ шуданд. Аммо ҳоҷӣ Қосим панҷ сол пас аз даргузашташ на танҳо дар миёни дӯстонаш зиндааст ва дӯсташ доранд, балки ҳамчунон мавриди бими душманон аст. Шахсияти ӯ тавассути ғуборе аз ахбори сохтагӣ иҳота шуда, ахборе комилан беасос ва хасмона. Аз ин рӯ ҳангоми шурӯъи кор рӯйи китоб, ҳадафамро шиносондани Қосим Сулаймонии воқеӣ қарор додам.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha