7 Апрел 2025 - 00:03
Source: Parstoday
Фармондеҳи артиши Лубнон: Исроил душмани аввали мо аст / Бомбаборони манотиқи шаҳрии Саъда ва Ал Ҳудайдаи Яман тавассути Амрико

Фармондеҳи артиши Лубнон бо ишора ба ҳамалоти таҷовузгаронаи мукаррари режими саҳюнистӣ ба хоки кишвараш гуфт, ки ин режим душмани аввали Лубнон башумор меравад.

Рудолф Ҳейкал, фармондеҳи артиши Лубнон шомгоҳи шанбе гуфт: Аввалин душмани Лубнон, Исроил аст, ки бар нақзи мустамари ҳокимияти Лубнон исрор мекунад.

Ба гузориши Порс Тудей, вай афзуд: Артиши Лубнон аз кишвар бо ҳамаи ақшори он муҳофизат мекунаду сохтори артиш муташаккил аз сарбозоне аз манотиқи мухталифи Лубнон барои дифо аз меҳану посдорӣ аз амнияти он дар дохил ва дар имтидоди марзҳо аст.

Бомбаборон устонҳои Саъда ва Ал Ҳудайдаи Яман тавассути Амрико

Хабари дигар инки ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар идомаи таҷовуз ба Яман, шомгоҳи шанбе ҷазираи Камарон дар устони Ал Ҳудайда, ғарби Яманро дар панҷ навбат бомбаборон карданд. Ҷангандаҳои артиши Амрико, шанбешаб низ дар чаҳор навбат ба минтақаи Ҳафсин дар устони Саъда, шимоли Яман ҳамла карданд. Дар ин ҳамла, ки ба як фурӯшгоҳ анҷом шуд, ду шаҳрванди яманӣ ба шаҳодат расиданд ва чанд манзили маскӯнӣ осеб дид.

 Даргирии неруҳои мусаллаҳи Яман бо нови ҳавопаймобари Амрико

Аз сӯи дигар, неруҳои мусаллаҳи Яман бомдоди якшанбе бо ҳадаф қарор додани шиноварҳои размии Амрико дар Дарёи Сурх бо таҷовузи Амрико ба Яман муқобила карданд. Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, дар чанд соати гузашта, ягонҳои мушакӣ ва паҳподии Яман бо ҳамкории неруи дарёӣ, бо шиноварҳои размии Амрико бавижа нови ҳавопаймобари Труман дар шимоли Дарёи Сурх даргир шуданд ва ин шиноварҳоро бо мӯшакҳои круз ва паҳпод ҳадаф қарор доданд.

Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Борикаи Ғазза

Аз Ғазза ҳам хабар мерасад, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди якшанбе як манзили маскӯнӣ ва як чодари оворагони фаластинӣ дар Хон Юнус, ҷануби ин минтақаро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла 8 фаластинӣ шаҳид ва 20 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Шаҳодати 19 ҳазор кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза

Дар ҳамин замина, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳамзамон бо панҷуми апрел (Рӯзи ҷаҳонии кӯдаки фаластинӣ) дар баёнияе эълом кард, бо гузари замон ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи кӯдакони фаластинӣ мутаваққиф нашудааст ва мо хостори муҳокимаи сарони ин режим ҳастем. Ин ҷунбиш афзуд, аз замони оғози таҷовузҳо алайҳи Борикаи Ғазза токунӯн 19 ҳазор кӯдаки фаластинӣ шаҳид шудаанд.

Ҷиҳод алайҳи режими саҳюнистӣ воҷиби айнӣ аст

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон ҳам бо ибрози таассуф ва андӯҳ аз идомаи ҷиноёт ва наслкушӣ дар Ғазза бо судӯри фатвое эълом кард, ҷиҳод алайҳи режими саҳюнистӣ ва муздурону низомиёне, ки бо он дар сарзаминҳои ишғолӣ дар наслкушии мардуми Ғазза шариканд, воҷиби айнӣ аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha