30 Март 2025 - 17:39
Source: Parstoday
Эътирози Ироқчӣ ба беамалии Шӯрои Амният дар баробари поймолсозиҳои фоҳиши ҳуқуқи байналмилал тавассути режими Исроил ва Амрико

Порс тудей-Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани таҷовузҳои низомии пайвастаи Амрико ба манотиқи мухталифи Яман гуфт: Таҳоҷуми низомии Амрико ба Яман ҳамзамон бо ташдиди наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва таҷовузҳои он зидди Лубнон ва Сурия, нишонаи шарокати Амрико дар қонуншикании Исроил ва ҳамнавоӣ бо ин режим дар густариши ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақа аст.

Сайидаббоси Ироқчӣ-вазири хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар дидори Ҳанс Гиравандберг-фиристодаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман, ки барои машварат ва ройзанӣ бо мақомҳои Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, бо ибрози таассуф аз дарки ғайрвоқеии Амрико аз мардуми Яман ва минтақа, таъкид кард: Сиёсатгузорони амрикоӣ бояд дарк кунанд, ки решаи аслии ноамнӣ дар минтақаи идомаи ишғолгарӣ ва наслкушӣ дар Фаластини ишғолӣ аст ва Амрико наметавонд бо ҳамла ба Яман ва куштори мардуми бегуноҳи Яман, ки фақат ҷурмашон ибрози ҳамбстагӣ ва ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин аст, муддаии барқарории субот дар минтақа шавад.

 Ба гузориши Порс тудей,Ироқчӣ бо интиқод аз беамалии ША СММ дар баробари режими Исроил ва Амрико, бар иқдоми фаврӣ ва муассири ин созмон  барои таваққуфи қонуншиканӣ ва беҳурматӣ нисбат ба қонунҳои байналмилалӣ таъкид кард.

 Гиравандберг ҳам дар ин дидор бо табрики Наврӯз ва иди Фитр ба вазири хориҷаи Эрон, аз идомаи ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нақш ва талошҳои СММ барои пайгирии раванди сулҳ дар Яман қадрдонӣ кард.

 Намояндаи вежаи дабири кулли  Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман ҳамчунин бо ироаи гузорише аз сафари ахир худ ба Брюссел ва ройзанӣ бо мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин охирин талошҳо ва пайгириҳои суратгирифта аз сӯи  СММ барои кумак ба беҳбуди авзоъ дар Яман ва барқарории сулҳ ва оромиш дар ин кишвар тасреҳ кард: Дастёбӣ ба субот ва сулҳ дар Яман як зарурати фаврӣ на фақат барои яманиҳо, балки барои амният ва суботи кулли минтақа аст ва Созмони Милал ҳама зарфиятҳои худро барои таъмини ин ҳадаф ба кор хоҳад гирифт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha