«Шелдон Йетт» намояндаи Юнеско дар Судон чаҳоршанбе шаб зимни дархост барои поён додан ба даргириҳои минтақаи «Дарфури шимолӣ» гуфт: Мо набояд чашми худро бар рӯйи ҷаҳаннаме, ки ба по шудааст, бубандем. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Фаронса, «Йетт» бо баёни инки дар соли ҷории мелодӣ беш аз 70 кӯдак кушта ё маълул шудаанд афзӯд: Тахмин зада мешавад 825 ҳазор кӯдак дар фоҷеаҳои фароянда дар атрофи Ал-Фошир гирифтр шудаанд. Ин рақам сирфан шомили мавориди таид шудааст ва эҳтимол меравад, ки омори ин кӯдакон мештар бошад.
Ҷангӣ дохилии Судон аз апрели 2023 бо ташдиди танишҳо байни ариши Судон ва «нерӯҳои ҳимояти сареъ» ба фармондеҳии «Муҳаммад Ҳамдан Дагалу » маъруф ба «Ҳемедти» оғоз шуд ва миёнҷигариҳои байналмиллалӣ барои поён додан ба он токунун натиҷае надоштааст.
То кунун беш аз 600 ҳазор нафар овора шудаанд, ки 300 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҳафтаҳои ахир беш аз 60 ҳазор нафари дигар овора шудаанд.
342/
Your Comment