Артиши режими саҳюнистӣ рӯзи чаҳоршанбе дар тозатарин баёнияи худ эълом кард, ки тайи як ҳафтаи гузашта 430 ҳадафи мухталифро дар борикаи Ғазза бомбборон кардааст. Ба гузоиши Порс тудей, ин ҳамалоти режими саҳюнистӣ аз рӯзи 18 март ва бо нақзи ошкорои тавофуқи оташбас оғоз шуд.
Шаҳодати 26 фаластинӣ
Дар ҳамин замина, ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар рӯзи чаҳоршанбе ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза, дасти кам 26 шаҳид бар ҷой гузоштааст. Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки теъдоди шуҳадои ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза аз 18 то 26 март ба 830 нафар расидааст. Дар ин гузориш омадааст, ки дасти кам як ҳазору 787 тани дигар захмӣ шудаан.
Шаҳодати сухангӯи Ҳамос
Манобеъи маҳалӣ аз шаҳодати «Абдуллатиф Алқонуъ» сухангӯи Ҷунбиши Ҳамос дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба шаҳри «Ҷабалияا» дар шимоли борикаи Ғазза хабар дод.
Ғаззаи холӣ аз коло ва сӯхт
Дафтари итилоърасонии давлати Фаластин дар Ғазза ҳам дар баёнияе эълом кард: Баста шудан гузаргоҳҳо дар Ғазза ҷони ду миллиону 400 ҳазор фаластиниро дар маърази хатар қарор медиҳад . 85 дарсад аз сокинони Ғазза ба иллати баста шудани гузаргоҳҳо манбаи аслии ғизои худро аз даст додаанд . Коло дар бозорҳо нест ва ин табаъоти хатарнокеро ба ҳамроҳ дорад ва гурӯснагии қарибалвуқуъ дар роҳаст . Даҳҳо нонвой ба иллати набуди сӯхт ва мамониати ишғолгарон бо вуруди он ба Ғазза , баста шудаанд . Беш аз навад дарсад аз сокинони Ғазза оби ошомиданӣ надоранд .
Оворагии 142 ҳазор фаластинӣ
«Stéphane Dujarric » сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид низ аз овора шудани 142 ҳазор нафар дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва аз замони ҳушдорҳои тахлияи манотиқ аз сӯйи ин режим хабар дод .
Посухи Муқовимат
Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин низ дар посух ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ , пойгоҳи ҳавоии стротежик « Hatzerim »ро ҳадаф қарор доданд
342/
Your Comment