27 Март 2025 - 15:55
Source: Parstoday
Эрон яке аз кишварҳои бартари ҷаҳон дар ҳавзаи радиодоруҳо

Раиси созмони энержии атомии Эрон аз қарор гирифтани ин кишвар дар ҷамъи кишварҳои бартари тавлидкунандаи радиодоруҳо хабар дод.

« Муҳаммади Исломӣ » Раиси созмони энержии атомии Эрон шомгоҳ чаҳоршанбе гуфт : маҷмӯъаи санъати ҳастаии Эрон дар масири тавсеа ва барои баҳрабардории ҳарчӣ бештар аз сарфаслҳои гӯногӯни фанноварии ҳастаӣ талош мекунад . Ба гузориши Порс тудей , Исломӣ афзӯд : Шитобдиҳӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои барқии ҳастаӣ , роҳандозии сомонаҳои партавдиҳи барои кумак ба кишоварзӣ , шукӯфои иқтисоди маъдан , баҳрагирӣ аз фанноварии пласма барои дармони саратон ва низ тавлиди радиодоруҳои мавриди ниёзи ҷомеъа ки Эронро дар ҷамъи кишварҳои бартари тавлидкунанда ҷой додааст , бахше аз ифтихороти фарзандони сарафрози Эрон аст, ки донишмандони ҷавони мо ба он даст ёфтаанд .

Дар солҳои ахир , донишмандони ҳастаии Эрон муваффақ шудаанд анвоъи маҳсӯлоти пур масрафро, ки мавриди ниёзи марокизи илмӣ ва таҳқиқотии ин кишвар аст , тавлид кунанд ; Ба унвони мисол донишмандони эронӣ дар ҳавзаи ташхис ва дармони саратон ба иктишофоти муҳиммӣ даст ёфтаанд ки вориди марҳалаи озмоиши болинӣ (чекоб) хоҳад шуд ; Эрон ҷузви 5 кишвари бартари ҷаҳон дар ин ҳавза аст

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha