27 Март 2025 - 15:55
Source: Parstoday
Вокуниши Бақоӣ ба изҳороти Кая Каллас: Агар содиқ ҳастед ва дағдағаи амният доред, ба наслкушии режими ишғолгар бипардозед

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба изҳороти гоҳу бегоҳи масъули ҷадиди сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон ва " таҳдид" хондани Эрон дар ҷараёни сафари ахираш ба Фаластини ишғолӣ ва ҳайни дидор бо мақомоти режими саҳюнистӣ вокуниш нишн дод.

«Кая Каллас»  масъули ҷадиди сиёсати хориҷаи иттиҳодияи Аврупо 4 фарвардин дар ҷараёни сафар ба Фаластини ишғолӣ, Эронро таҳдид хонд ва чашмпуши аз зарротхонаҳои пур аз таслиҳоти атомиии режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд: « Ҳаргиз набояд иҷоза дод Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ё онро бисозад.» Ин ихҳорот. вокуниши  «Исмоил Бақоӣ»  сухангӯи Вазорати хориҷаи Эронро дар пай дошт. Ба гузориши Порс тудей, Бақоӣ гуфт: Ҳарфҳои бемабно, изҳороти фоқиди мантиқ ва иддаоҳои риёкорона, сегонаии ҳастанд, ки наметавон эътиборӣ барои онҳо қоил шуд.

Бақоӣ афзӯд : Хонуми Каллас агар воқеан дағдағаи суботу амният дар минтақаро дошт , бояд ба наслкушӣ дар Ғазза ва таҷовузоти мукаррари режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнону Сурия ва ишғоли низомии сарзаминҳои ин ду кишвар мепардохт .

Сухангӯии Вазорати хориҷаи Эрон хотирнишон кард : Хонуми Каллас бар хилофи аслофаш ки талош доштанд дар баёни мавозиъи Иттиҳодияи Аврупо , ним нигоҳии ҳам ба усӯлу мабонии ҳуқуқи байналмилал дошта бошанд , бе муҳобо ҳарфҳоӣ мезанад, ки ҳатто агар ношӣ аз кам таҷрибагӣ бошад аз нигоҳи ҳар нозири бе тарафе боиси махдӯш шудани бештари обуру ва эътибори Аврупо мешавад .

Лозим ба зикр аст ки Исмоили Бақоӣ пештар низ дар посӯх ба ин қабили иддаоҳои Кая Каллас гуфта буд : « Иттиҳодияи Аврупо ба ёд дошта бошад ки ирода ва истиқлоли лозимро барои ҳифзи тавофуқе, ки худ аз бонёни он буд , нишони надод ва бо хурӯҷи Амрико аз БарҶом , амалан аз ӯҳдаи ифои таъаҳҳудоташ барнаёмад . Агар Иттиҳодияи Аврупо хоҳони ифои нақши асаргузору созанда дар арсаи байналмилалӣ аст , бояд рӯйкардӣ воқеъи бинона ва мубтанӣ бар адолату эҳтиром ба ҳуқуқи дигар миллатҳо ва риояти усӯли маншури милали муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ иттихоз кунад . »

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha