Ба гузориши Порс тудей ба нақли Ирно , ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз ( сешанбе ) ба манотиқи Хон Юнус дар ҷануб ва урдӯгоҳи Албариҷ дар маркази брикаи Ғазза ҳамла карданд ки бар асари он 13 фаластинӣ аз ҷумла се кӯдак шаҳид шуданд .
Манотиқи шарқии шаҳри Ғазза низ шоҳиди ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ буд, ки бар асари он шумори аз фаластиниён шаҳид ва захмӣ шуданд.
Вазорати беҳдошти Фаластини ҳам дируз душанбе эълом кард, ки тайи 24 соъати гузашта 61 фаластинӣ дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расиданд ва 134 нафари дигар низ маҷрӯҳ шуданд .
Артиши режими саҳюнистӣ аз бомдоди сешанбе ( 28 Исфанд ) бо нақзи мафоди оташбас таҷовузҳои низомии худ ба борикаи Ғаззаро аз сар гирифта , ин ҳамалот токунӯн ба шаҳодат беш аз 730 фаластинӣ ва захмӣ шудани як ҳазору 367 нафари дигар мунҷар шудааст , бо эҳтисоби ин шуҳадо , шумори шуҳадои Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн ба 50 ҳазорк 82 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 113 ҳазорк 408 нафар афзоиш ёфтааст .
Аз саргирии таҷовузгарии режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза бо мавҷи маҳкӯмиятҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст .
Ҳамлаи мушакии муборизони фаластинӣ ба мавозиъи режими саҳюнистӣ
Бадунболи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза , Сароё Алқуди шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин , бо чанд фарванди мӯшаки мавозиъи режими саҳюнистӣ ва шаҳракҳои саҳюнистнишинро дар Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор доданд . Бадунболи ин он ожирҳои хатар дар шаҳракҳои саҳюнистнишин ҳамҷавори борикаи Ғазза ба садо дар омад .
Ҳамос : Режими саҳюнистӣ дар бораи нобӯдии Ҳамос дар таваҳҳум аст
“Соми Абузаҳрӣ “ узви аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) бомдоди имрӯзи сешанбе гуфт : Режими саҳюнистӣ дарбораи имкони аз байн бурдани Ҳамос бо ба шаҳодат расондани фармондеҳони он , дар таваҳҳум басар мебарад.
Раиси доираи сиёсии Ҷунбиши Ҳамос дар хориҷ афзӯд : Ҳамос ҷунбишӣ аст ки дар Фаластин реша дораду фармондеҳон зиёдӣ дорад ва бо террор дучор мушкил намешавад .
“ Абузаҳрӣ “ гуфт : Режими саҳюнистӣ аз фурсати оташбас барои ҷамъоварии иттилоот дарбораи фармондеҳону раҳбарони Ҳамос барои террори онҳо истифода кард. Абузаҳрӣ таъкид кард : Хӯни раҳбарону фармондеҳони Ҳамос рангинтар аз хӯни кӯдакону ҷавонони Ғазза нест ва ин террорҳо моро аз идомаи масири мубориза бознахоҳад дошт .
342/
Your Comment