«Саидаббоси Ироқчӣ» вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва «Ҳакан Фидан» вазири умури хориҷаи Туркия шомгоҳи Душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ роҷеъ ба таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодулоти назар карданд. Ба гузориши Порс тудей- ба нақл аз Вазорати умури хориҷа, Ироқчӣ бо ишора ба таҳаввулоти дохилии Турия, мавзӯъи усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон-ро мавриди таъкид қарор дод ва тасреҳ кард: Таҳаввулоти Тукрия як мавзуъи дохии ин кишвар аст ва мо итиминон дорем, ки мароҷеъи салоҳидори Туркия ба шакли муқтази ин таҳаввулотро бар асоси масолеҳи миллати Туркия мудирият хоҳанд кард.
Ироқчӣ бо маҳкӯм кардани ҷиноёту таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ва Лубнон дар нақзи фоҳиши тавофуқҳои оташбас , хостори иқдоми фаврии ҷомеъаи ҷаҳонӣ , ба вижа кишварҳои исломӣ ва минтақа , барои таваққуфи ҷиноёти режими ишғолгар шуд .
Вай ҳамчунин бо маҳкӯм кардани ҳамалоти ҳавоии Амрико алайҳи Яман ҳамзамон бо аз саргирии ҷиноёти режими Исроил алайҳи Ғазза , Каронаи Бохтарӣ ва Лубнон , бар аҳамияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештари кишварҳои минтақа барои ҷилавгирӣ аз таҷовузоти алайҳи кишварҳои исломӣ ва ташдиди ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақа таъкид кард .
Ҳакан Фидан низ дар ин гуфтугўи телефонӣ , Наврӯз ва Соли навро ба вазири умӯри хориҷаи Эрон табрик гуфт ва бар омодагии Туркия барои кумак ба ёфтант роҳи ҳалҳои дипломотик барои масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид кард .
Фидан ҳамчунин бо ишора ба ширкат дар нишасти ахири Кумитаи тамоси арабӣ - исломӣ дар Қоҳира барои баррасии вазъияти Ғазза , бар аҳамияти иҳтимоми беш аз пеши кишварҳои исломӣ нисбат ба вазъияти мардуми мазлӯми Фаластин таъкид кард .
342/
Your Comment