24 Март 2025 - 21:58
Source: Parstoday
Яман, ҳадафи ҳамлаҳои Амрико/Дабири кулли Ансоруллоҳ: Фиристодани киштии дуввум эътирофи Вашингтон ба шикасти аст

Сетоди фармондеҳи неруҳои терорристии Амрико мустақар дар минтақаи Ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Африқо мувсум ба "CENTCOM" бо нашри як паём аз идомаи ҳамлаҳои таҷовузкоронаи артиши ин кишвар ба манотиқи мухталифи Яман хабар дод.

Фармондеҳии марказии Амрико, маъруф ба “CENTCOM”, субҳи рӯзи якшанбе бо нашри паёме бо истифода аз ибораи “24/7”, ки ишора ба идомаи ҳамалоти шабонарузи ба Яман аст. Ба гузориши Порс тудей, CENTCOM дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду аксеро нашр кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоиро аз хатти парвози як киштии ҳавопаймобар партоб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони Ал-Масираи Яман эълом кард, ки Амрико се бор фурудгоҳи байналмилалии Ҳудайда дар ғарби Яманро бомбаборон кардааст.

Матбуоти Яман ҳамчунин аз таҷовузи нави Амрико ба ду шаҳри Саҳар ва Катаф дар устони Саъда ва шаҳри Маҷзори Мариби Яман хабар дод.

Посухи Яман

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар посух ба ҳамлаҳои Амрико ба самти қаламравҳои ишғолкардаи саҳюнистҳо мушак партоб карданд.

Гувоҳи бар шикасти Амрико

Сайид Абдулмалик Бадриддин Ал-Ҳусӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар вокуниш ба фармони Трамп барои эъзоми як киштии дигари ҳавопаймоӣ ба минтақаи Осиёи Ғарбӣ гуфт: "Эъломияи Амрико дар бораи ирсоли як киштии дуввум ба ин минтақа далели шикасти киштии Труман аст."

Вай таъкид кард: Амрико бо киштиҳои ҳавопаймои худ дигаронро метарсонад, аммо дар муқовимат бо Яман ин киштиҳо метавонанд бори гарон бар дӯши он шаванд.

Дар минтақа паҳн шудани терроризми амрикоӣ

Дар ин замина Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман, дар шабакаи иҷтимоии "X" навишт: Эъломи эъзоми нирӯ ва таҷҳизоти бештари Амрико ба минтақа ба таҳким ва тавсеаи амалиёти террористӣ ва ғайриқонунӣ алайҳи Яман аст. Ал-Ҳусӣ афзуд: "Ин амали Амрико далел ва нишонаи шикасти USS Ҳарри Трумен ва нерӯҳои Амрико дар минтақа аст."

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha