24 Март 2025 - 21:56
Source: Parstoday
Охирин таҳаввулоти Фаластин ; Шаҳодати 35 нафар дар ҳамалоти ҷадиди Исроил ба Ғазза

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар мавҷи тозае аз ҳамалот , хонаҳои фаластиниёнро дар манотиқи мухталифи борикаи Ғазза бомбаборон карданд.

Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ дирӯз дишаб ( шанбе ) дар мавҷи тозае аз ҳамалот , хонаҳои фаластиниёнро дар манотиқи “ Алҷанина “ дар шарқи Рафаҳ , манотиқи алминора , Алмавосӣ ва Алфахорӣ дар Хон Юнус ва минтақаи “ Албадвия “ дар шимоли борикаи Ғазза бомбаборон карданд ки бар асарион дастикам 35 фаластинӣ шаҳид ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд ки бештарашон кӯдакон ва занон ҳастанд . Ба гузориши Порс тудей , ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз якшанбе низ манотиқи мухталифи борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд .

Афзоиши шумори шуҳадои Ғазза ба 49 ҳазору 747

Дар ин замина Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза дирӯз шанбе эълом кард , тайи 48 соъати гузашта пайкарҳои 130 шаҳид ва 263 захмии фаластинӣ ба бемористонҳо мунтақил шуд . Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин , омор шуҳадо ва захмиҳо аз 18 марти 2025 ( 28 исфанд ) токунӯн ва дар пайи нақзи оташбас тавассути режими саҳюнистӣ ба 634 шаҳид ва як ҳазору 172 захмӣ расид , бо эҳтисоби ин рақам шумори шуҳадои борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн ба 49 ҳазору 747 нафар ва теъдоди захмиҳо ба 113 ҳазору 213 тан афзоиш ёфтааст .

Шаҳодати узви Дафтари сиёсии Ҳамос дар Хон Юнус

Хабари дигар инки « Салоҳ Албардуил » узви Дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин “ Ҳамос “ ва намояндаи маҷлиси қонӯнгузорӣ Фаластин ба ҳамроҳи ҳамсараш бомдоди имрӯз якшанбе дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба чодари маҳали исконашон дар минтақаи Алмавосӣ воқеъ дар ғарби Хон Юнус дар ҷануби Ғазза ба шаҳодат расид .

Ҷунбиши Ҳамос бо судӯри паёми шаҳодати Албардуилро табрик ва таслият гуфт ва таъкид кард ки хӯни шаҳид Албардуил ва ҳамсараш ва хӯни ҳамаи шуҳадо , оташи набарди озодиро идома хоҳад дод ва режими ишғолгар , азму устувории моро тазъиф нахоҳад кард .

Ҳамос : Тамос бо миёнҷиҳо барои ниҳоӣ кардани тавофуқномаи оташбас идома дорад

Дар ин миён « Абдуллатиф Қонўъ » сухангӯии Ҷунбиш Ҳамос гуфт : Пешниҳод « Steve Witkoff » фиристодаи вижат « Доналд Трамп » раиси ҷумҳӯри Амрико дар умӯри ғарби Осиё ва бархе идаҳои дигар дар ҳоли баррасӣ бо миёнҷигарон аст ва тамосҳо барои ниҳоӣ кардани тавофуқи оташбас бо режими саҳюнистӣ мутаваққиф нашудааст аммо Натантяҳу ҳамвора дар ин рои монеътарошӣ мекунад .

Тазоҳуроти зиди Натантяҳу

Артиши режими саҳюнистӣ аз сешанбеи гузашта таҷовузи низомии худ ба борикаи Ғаззаро аз сар гирифт , ин ҳамалот боиси эътирозоти густарда дар дохили Фаластини ишғолӣ шудааст ва саҳюнистҳо хашмгин дар эътироз ба сиёсатҳои « Бинямин Натанияҳу » нахуствазири ин режим дар Қудси ишғолӣ тазоҳурот карда ва хостори тавофуқ бо Ҳамос барои озодии бақияи усарои саҳюнист дар Ғазза шуданд .

Дар ин замина расонаҳои режими саҳюнистӣ аз ҷумла пойгоҳи хабарии « Yedioth Ahronoth » аз вуқуъи даргириҳои шадиди байни шаҳракнишинони саҳюнист ва полиси режими Исроил дар наздикии маҳали иқомати « Бинямин Натанияҳу » хабар доданд .

Бар асоси ин гузориш , теъдоде аз тазоҳуркунандагон муваффақ шуданд ба маҳали иқомати Натанияҳу дар Қудси ишғолӣ наздик шаванд ва дар онҷо байни тазоҳуркунандагон ва нерӯҳои амниятӣ даргирӣ рух дод .

Пойгоҳи хабарии « Араби 21 » низ гузориш дод ки пас аз барканории « Рунен Бар » раиси Созмони иттилооту амнияти дохилии Исроил ( Шобок ) ва судӯри дастури муваққат аз сӯйи Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ барои таваққуфи ин тасмим , шанбе шаб дар Тел-Авив тазоҳуроти бузурги алайҳи Кабинаи  Натанияҳу баргузор шуд .

« Yair Lapid » раҳбари мухолифони Кабинаи кунунии режими саҳюнистӣ дар ин тазоҳурот ширкат ва ба шиддат аз Кабинаи ин режим интиқод кард ва  Натанияҳу-ро муттаҳам кард, ки ба дунболи оғози ҷанги дохилӣ аст .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha