24 Март 2025 - 21:52
Source: Parstoday
Идомаи даргирии полиси Туркия бо тазоҳуроткунандагони ҳомии Акрам Имомуғлу; Нишасти изтирории мухолифони Эрдуғон

Пулиси Туркия бо тазоҳуркунандагоне, ки аз Акрам Имомуғлу, шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул ҳимоят мекарданд, даргир шуд.

Шаҳрдори Истанбул, як чеҳраи аслии мухолифон ва рақиби эҳтимолии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи ҳукумати ин кишвар бо иттиҳоми фасод ва терроризм боздошт шуд. Ба гузориши Порс тудей, тазоҳурот алайҳи ин иқдоми ҳукумати Эрдуғон дар чанд вилояти Туркия идома дорад ва тазоҳуркунандагон раҳоии шаҳрдори зиндонии Истанбул Акрам Имомуғлуро талаб доранд.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои Туркия шаби шанбе дар тазоҳурот бо талаби раҳоии Имомуғлу ба таври густурда ширкат кардаанд.

Бозпурсии Имомоғлу

Аз сӯйи дигар, шабакаи телевизионии “Ал-Майадин” гузориш дод: Бозпурсии шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул шаби шанбе ба поён расид ва ӯ мунтазири ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ аст. Бар асоси ин гузориш, додситонии Туркия хостори ҳукми зиндон барои Имомуғлу шудааст ва интизор меравад, додгоҳ тасмими худро ба зудӣ содир кунад. Ин дар ҳолест, ки Имомуғлӣ ҳама иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо қотеъона рад кардааст.

Шабакаи "X" чанд аккаунти мухолифинро дар Туркия боздошт

Дар ҳамин ҳол, шабакаи иҷтимоии "X" чанд аккаунти мутааллиқ ба чеҳраҳои мухолиф дар Туркияро мутаваққиф кардааст. Гуфта мешавад, ки ин ҳисобҳо ба гурӯҳҳои чапгаро ва донишҷӯён тааллуқ доранд, ки аз замони боздошти Имомуғлу дар рӯзи 19 март дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ фаъолона ширкат кардаанд.

Садҳо эътирозгар дар Туркия боздошт шуданд

Вазорати умури дохилии Туркия рӯзи шанбе эълом кард, ки дар тазоҳуроти шаби ҷумъа дар чанд шаҳри Туркия ба нишони эътироз алайҳи боздошти Имомуғлу 343 нафар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи вазорат, ин боздоштҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз “вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” сурат гирифтааст.

Вазорати умури дохилии Туркия ҳушдор додааст, ки мақомоти ин кишвар ба бесарусомонӣ ва амалҳои иғвоангез таҳаммул нахоҳанд кард.

Бонки марказии Туркия кӯшиш мекунад, ки аз фурӯпошии лира пешгирӣ кунад

Рӯзномаи "Файнэншл Таймс" низ навиштааст: Дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ, ки бар асари боздошти рақиби аслии раисиҷумҳури Туркия ба вуқӯъ пайваст, Бонки марказии ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз поин рафтани қурби лира ҳудуди 12 миллиард доллар ба бозори асъор ворид кардааст.

Интихоботи ибтидоӣ ва ҷаласаи изтирории бузургтарин ҳизби мухолифи Эрдуғон

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби Ҷумҳурии Мардумӣ "CHP", рақиби аслии Ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеъа "AKP", рӯзи якшанбе барои пешбарии номзади худ ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ интихоботи ибтидоӣ баргузор мекунад. Ҷаласаи изтирории CHP низ рӯзи 26 апрел барои ҷилавгирӣ аз таъйини вориси раиси Истанбул дар назар аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha