24 Март 2025 - 21:50
Source: Parstoday
Вашингтон: Яманиҳо бар сари мо ҳазинаи сангин бор карда ва иҷозаи убур ба киштиҳои бо парчами Амрикоро намедиҳанд

Мушовири амнияти миллии Амрико эълом кард, ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Яман киштиҳоро маҷбур кардааст, ки дар масирҳои худ тағйироти гаронбаҳо анҷом диҳанд.

Идомаи ҳамлаҳои саҳюнистӣ зидди мардуми бедифоъи Фаластин боис шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман бори дигар киштиҳои марбут ба режими саҳюнистиро дар обҳои худ ҳадаф қарор диҳанд. Ба гузориши Порс тудей, бо истинод ба “Ал-Олам”, ин масъала барои Тел-Авив ва Амрико, наздиктарин муттаҳиди Исроил, харҷи сангин бор кардааст.

Ба ин тартиб, Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Амрико, эълом кард: Ҳамлаҳои ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман боис шудааст, ки аз чаҳор се ҳиссаи киштиҳои парчами Амрико аз убури Баҳри Сурх худдорӣ кунанд ва ба ҷои он масири тӯлонӣ ва гаронарзишро ба ҷануби Африқо интихоб кунанд.

Валтз дар гуфтугу бо шабакаи Си-Би-Эс гуфт, ки акнун 75 фоизи киштихои дар зери байраки Амрико гузошташуда ба чои канали Суэс бояд аз сохили чанубии Африқо гузаранд.

Вай афзуд: Бори охир як киштии мо аз галӯгоҳҳои наздики Яман убур кард, 23 бор мавриди ҳамла қарор гирифт.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha