24 Март 2025 - 21:49
Source: Parstoday
Идомаи эътирозоти Туркия бо шиъори "ҳақ, ҳуқуқ, адолат" интихоби Имомуғулу ба унвони номзади аслии ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ

Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумии Туркия шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул Акрам Имомуғулуро номзади ниҳоии ин ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ эълон кард.

Идомаи эътирозҳои мардуми Туркия алайҳи боздошти шаҳрдори Истанбул, интихоб шудани Акрам Имомуғлу ба унвони номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ, вокуниши Фаронса ба эътирозҳои Туркия ва паёми Имомуғлу аз зиндон ба тарафдоронаш, мунтахаби охирин таҳаввулоти Туркия аст, ки дар ин бастаи хабарӣ аз Порс тудей бихонед:

Эътирози мардуми Туркия алайҳи боздошти шаҳрдори Истанбул идома дорад

Фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии Туркия рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр карданд, ки дар он як шакли нави эътирозҳои оммавӣ алайҳи боздошти шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлу намоиш дода мешавад. Дар ин тазоҳурот мардуми Туркия мухолифати худро ба боздошти Имомуғлу дар дохили хонаҳояшон кӯзаву табак зада, чароғҳоро фурӯзон ва шиорҳои "Ҳақ, ҳуқуқ, адолат" баён карданд. Ин шиор, ки дар миёни мухолифони ҳукумати Туркия маъмул аст, ба талаби адолат ва ҳуқуқ ишора мекунад. Ба ҷуз Истанбул, чанд шаҳри дигари Туркия низ шоҳиди тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи боздошти шаҳрдори Истанбул шуданд.

Имомуғулу номзади ниҳоии ҳизби ҷумҳурихоҳи Туркия шуд

Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумии Туркия шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул Акрем Имомуғлуро номзади ниҳоии худ дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ эълон кард. Бар асоси натоиҷи интихоботи дохилиҳизбӣ, Имомуғулу 13 миллиону 211 ҳазор раъй ба даст овардааст. Шаҳрдори Истанбул, як чеҳраи калидии мухолифин ва рақиби эҳтимолии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта аз сӯи ҳукумати ин кишвар бо иттиҳоми фасод ва терроризм боздошт шуд. Боздошти ӯ чаҳор рӯз пеш аз он ки ҳизби ҷумҳурихоҳ халқӣ (CHP) Имомуғулуро ба унвони номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2028 пешбарӣ кунад, сурат гирифт.

Паёми Имомуғулу аз зиндон ба тарафдоронаш: Иштирок дар интихоботи дохилиҳизби бесобиқа аст

Акрам Имомуғлу, шаҳрдори Истанбул, ки таҳти боздошт қарор дорад, дар паёме эълом кард, ки теъдоди ширкаткунандагон дар интихоботи дохилии ҳизбии ҳизби ҷумҳурихоҳ (CHP) ба сатҳи "бесобиқа" расидааст. Ӯ дар ин паём қайд кардааст: "15 миллион шаҳрвандони мо овоз доданд; миллионҳо нафар дар кишвари мо, ки аз саркӯбҳо, иқтисоди харобшуда, бесамарӣ ва қонуншиканӣ азоб мекашанд, зуд ба сандуқҳои раъй рафтанд ва ба Эрдуғон гуфтанд: бас аст." Имомуғулу, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, номзади ягонаи ҳизби ҷумҳурии мардумӣ (CHP) дар интихобот аст ва дар сурати баргузории интихоботи пеш аз муҳлат бо ризоияти 360 вакили парлумон рақиби аслии Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар интихоботи президентӣ хоҳад буд.

Вокуниши Фаронса ба эътирозҳои Туркия

Дар вокуниш ба эътирозҳои мардуми Туркия алайҳи зиндонии шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлу, Вазорати хориҷаи Фаронса эълом кард, ки ҳимоят аз ҳуқуқи мухолифон як ҷузъи аслии равобити Анкара ва Иттиҳодияи Аврупо аст. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Фаронса рӯзи якшанбе гуфт, таваққуф ва боздошти Имомуғулу ва дигар чеҳраҳои сиёсии Туркия "ҳамлаи ҷиддие ба демократия аст".

Барканории муваққатии 3 шаҳрдори Туркия

Вазорати умури дохилии Туркия рӯзи якшанбе эълом кард, ки шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлуро, ки ҳоло дар боздошт аст, муваққатан аз мақомаш барканор кардааст. Вазорати умури дохилии Туркия ҳамчунин эълом кард, ки шаҳрдори Бейликдузу Дозу Мурат Чалик ва раиси Шишлӣ Расул Умрешаҳон низ аз мақомаш барканор шудаанд. Пулиси Туркия то кунун садҳо нафарро дар эътирозҳои ин кишвар боздошт кардааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha