24 Март 2025 - 21:47
Source: Parstoday
Ҳамлаи мувафақи яманиҳо ба фурудгоҳи Бен Гурион; Захмишудани 78 ҳазор низомии исроилӣ аз 7 октябри соли 2023

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи муваффақи мушакии ин кишвар ба фурудгоҳи Бен Гурион дар Тел-Авив хабар дод.

Ба гузориши Порс тудей, Яҳё Ал-Сарӣ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, ки воҳиди мушакии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо мушаки "Фаластин 2" фурудгоҳи Бен Гурион дар Тел-Авивро ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи ӯ, амалиёт бомуваффақият гузашт ва парвозҳо дар фурудгоҳ барои ним соат мутаваққиф шуданд.

Захмишудани 78 ҳазор низомии исроилӣ аз 7 октябри соли 2023

Ба иттилои дигар, Вазорати ҷанги Исроил рӯзи якшанбе эълом кард, ки аз 7 октябри соли 2023 беш аз 78 ҳазор нафар аз нерӯҳои низомӣ ва амниятии ин режим захми шудаанд. Бар асоси ин гузориш, 16 ҳазор нафар аз захмиён дар бемористон бистарӣ шудаанд. Артиши Исроил низ дар пойгоҳаш эълон кард, ки шумори кушташудагони артиш дар навори Ғазза аз 7 октябри соли 2023 ба 846 нафар расидааст, ки иҷозаи нашри номашон шудааст.

Тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғлои ба хушунат кашида шуд

Дар ҳамин ҳол, радиои артиши Исроил рӯзи якшанбе хабар дод, ки ҳазорон нафар ба нишони эътироз ба барканории Ронен Бар, раиси созмони Шин Бет (хадамоти амнияти дохилии Исроил) ва Галӣ Баҳору Меора, мушовири қазоӣ ва ҳамчунин талаби раҳоии зиндониёни исроилӣ дар Ғазза дар назди дафтари Натаняҳу тазоҳурот карданд. Созмони радио ва телевизиони Исроил ҳамчунин эълом кард, ки пулис тазоҳуркунандагонеро, ки кӯшиши убури монеаҳои амниятӣ дар назди манзили Натаняҳуро доштанд, боздошт кардааст.

Саҳми болои низомиён аз бедҷети соли 2025 Исроил

Пас аз 13 соати баҳс, кумитаи молияи Кнессет рӯзи якшанбе тарҳи қонуни буҷаи соли 2025-и режимро барои хондани дуввум ва сеюм тасвиб кард. Ба гузориши шабакаи телевизионии "шабкаи 12"-и Исроил, бузургтарин бахши ин будҷа ба Вазорати ҷанги режим ихтисос дода шудааст. Мувофики лоихаи конун будҷети ҳарбии Исроил ба 109,8 миллиард шекел (кариб 30 миллиард доллар) мерасад, ки кисми асосии харочоти давлатиро ташкил медихад. Тақсими баландтарин маблағи буҷет ба муассисаҳои низомӣ инъикосгари авлавиятҳои хароҷоти Исроил дар партави таҳаввулоти кунунӣ ва сиёсатҳои амниятии режим аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha