23 Март 2025 - 00:09
Source: Parstoday
Маскав : Русия ва Чин бояд дар музокироти ҳастаии Эрон ҳузур дошта бошанд/ Кремлин , Фаронсаро абзори таксири террористҳо хонд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия , ҳузури ин кишвар ба ҳамроҳи Чинро дар музокироти ҳастаии Эрон зарурӣ тавсиф кард .

«Доналд Трамп » раиси ҷумҳӯри Амрико аз ирсоли номае ба Теҳрон барои музокираи перомуни барномаи ҳастаӣ Эрон хабар додааст ; Дар ҳоле, ки худ Трамп дар давраи нахусти худ аз тавофуқи ҳастаии Эрон мавсӯм ба БарҶом хориҷ шуд . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , « Мария Захарова » сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе гуфт : Сарнавишти БарҶом ва чашмандози талошҳои чандҷониба дарбораи барномаи ҳастаии Эрон бидӯни мушорикати Русия ва Чин қобили таъйин нест ва қатъан наметавон онҳоро аз берун дикта кард .

« Захарова » афзӯд : Маскав омодаи таъомули созанда бо ҳамаи тарафҳо дар мавзӯи тавофуқи ҳастаии Эрон аст .

Русия , Фаронсаро абзори таксири террӯристҳо хонд

Дар хабари дигари дарбораи Русия омадааст, ки « Захарова » , рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба иттиҳомоти давлати Фаронса мабнӣ бар нақши иддаоии Русия дар « тероризм » бо судӯри баёнияе эълом кард : Фаронса худ ба абзори таксири террористҳо табдил шудааст . Ин дипломати рӯси афзӯд : Маскав ҳамвора тероризмро дар ҳамаи ашколу мазоҳири он , сарфи назар аз инки чӣ замонӣ , куҷо ва тавассути чӣ касе иқдомоти террористӣ анҷом мешавад , ба шиддат маҳкӯм мекунад .

Шӯрои Аврупо дарбораи ташдиди таҳримҳои Русия ҳушдор дод

Аз сӯии дигар , раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупои рӯзи панҷшанбе бо судӯри баёнияи муштарак эълом карданд, ки дороиҳои Русия дар Аврупо то поёни ҷанги Украина масдӯд хоҳад монад ва дар сӯрати мухолифати Маскав бо пешниҳоди оташбас , таҳримҳои бештару сангинтарӣ алайҳи ин кишвар эъмол хоҳад шуд . Сарони 27 кишвари аврупоӣ дар ин баёния бори дигар бар « ҳимояти қотеъ » аз Украина таъкид ва эълом карданд ки ҳамчунон ба ироаи кумакҳои низомӣ , молӣ ва инсонӣ ба Украина идома хоҳанд дод .

Русия ва Амрико дар Риёз музокира мекунанд

Ҳушдори аврупоеҳо дарбораи ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия дар ҳолеаст ки « Юрий  Ушаков » дастёри « Владимир Путин » раиси ҷумҳури Русия , гуфт : Музокироти байни Маскав ва Вашингтон дар мавриди Украина рӯзи душанбеи 24 март дар Риёз баргузор мешавад .

Украина ва  Русия 175 асири ҷангиро бо якдигар мубодила карданд

Дар ҳамин ҳол ; Вазорати дифои Русия эълом кард , дар пайи музокироте. ки бо тарафи украинӣ сӯрат гирифт , 175 сарбози рӯс аз навоҳии таҳти кантроли Украина озод шуда ва бозгаштанд . Маскав ҳамчунин мутақобилан 175 асири ҷангии Украинаро ба ҳамроҳи 22 сарбози дигари ин кишвар ки шадидан маҷрӯҳ шуда буданд , ба Киев таҳвил додааст .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha