12 Март 2025 - 19:16
Source: Parstoday
Операи «Рустам ва Суҳроб» Эрон ба Арманистон меравад/ Талоши Ереван барои узвияти нозир дар БРИКС

Операи «Рустаму Суҳроб» ба раҳбарии Loris Tjeknavorian, оҳангсози эронӣ дар Арманистон рӯи саҳна меравад.

Иҷрои саҳнаӣ ва комили операи «Рустаму Суҳроб» бо оҳангсозӣ ва раҳбарии Loris Tjeknavorian аз Эрон, тарроҳии саҳна, либосу коргардонии Ёрто Ёрон 31 март, якум ва 2 апрели 2025 дар толори операии Еревани Арманистон ба рӯи саҳна меравад.

Ба гузориши Порс тудей, «Рустаму Суҳроб», операе сохтаи Loris Tjeknavorian аст, ки бар асоси достони «Рустаму Суҳроб» дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, шоири барҷастаи эронӣ сохта шудааст.

Loris Tjeknavorian дар ин бора гуфт: Барои ман ифтихори бузурге аст ва хушҳолам, ки дӯсти азизам Ёрто Ёрон, ки ҳунарпеша, коргардону шоири бузурге аст, коргардонӣ ва тарроҳии ин операро хоҳад дошт.

Талоши давлати Арманистон барои узвият дар БРИКС

Хабари дигар инки ба гузориши “TVBRICS”, Арарат Мирзоян, вазири умӯри хориҷаи Арманистон ба тозагӣ дар мусоҳибае эълом карда, ки кишвараш ҳамчунон ба дунболи дарёфти ҷойгоҳи нозир дар гуруҳи БРИКС аст ва алоқаманд ба баррасии мазоёи ҳамкорӣ ва чорчӯби ин гуруҳ барои минтақа аст.

Мирзоян ёдовар шуд, ки Арманистон пештар дар фаъолиятҳои ҳам БРИКС ва ҳам Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат доштааст.

Гуфтанист, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар иҷлоси сарони БРИКС, ки бо ҳузури сарони кишварҳо дар Казони Русия аз 22 то 24 октябри 2024 баргузор шуд, ширкат кард.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha