9 Март 2025 - 22:24
Source: Parstoday
Чаро Амрико ошиқи ҷанг аст?

Порс тудей - Ҷимми Картер(Jimmy Carter), раисиҷумҳури пешини Амрико, дар тамос бо Трамп гуфта буд: “Амрико ҷангдӯсттарин кишвари дун ёст”.

Вақте суҳбат аз ҷангу мудохилагарии низомӣ мешавад, номи як кишвар ҳамеша дар садр қарор дорад: Амрико. Кишваре, ки дар тӯли 248 соли таърихи худ, 232 солро дар ҷанг сипарӣ кардааст. Яъне танҳо 6٪ аз таърихи Амрико бидуни ҷанг гузаштааст.

Аммо чаро? Чаро ин кишвар доиман даргири ҷангҳои мустақим, кудатоҳои пинҳону буҳронҳои байналмилалӣ аст? Оё ин фақат як иттифоқи таърихӣ аст, ё бахше аз сохтору моҳияти бақои Амрико?

Амрико, як “муътод ба ҷанг”

Ба гузориши Порс тудей, замоне сухангӯи вазорати дифои Чин, Амрикоро “муътод ба ҷанг”, хитоб кард ва гуфт, ки ин кишвар бузургтарин таҳдид алайҳи амнияти ҷаҳонӣ аст. Агар нигоҳе ба таърихи бияндозем, шояд ин иддао чандон ҳам дур аз воқеият набошад:

Тибқи омор аз ҷанги истиқлоли Амрико дар 1775 то имрӯз, Иёлоти муттаҳида ҳамвора дар ҳоли ишғол, кудато ё ҷанг будааст:

- Ҷангҳои тавсеаталабона: Тасарруфи сарзаминҳои мексикаӣ (1846 - 1848) ва қатли оми бумиёни Амрико (1811 - 1890).

- Ҷангҳои ҷаҳонӣ: Вуруд ба Ҷанги ҷаҳонии аввал (1917) ва бомбаборони атомии Хиросима ва Нагасаки дар Ҷанги ҷаҳонии дувум (1945).

- Даврони Ҷанги сард: Мудохила дар Корея, Ветнам ва кудатои 1953 дар Эрон.

- Қарни 21 ва ҷанг бо ҷавомеъи мусулмон: Ишғоли Афғонистону Ироқ, ҷанги Либиё, ҳамалоти паҳподӣ ба Яману Сумолӣ ва ахиран ҷанги Украина.

- Ҷанг ва кудатаҳои миёнӣ: Ҷангҳое, ки Амрико дар хилоли ҷангҳои боло бо дигар кишварҳо анҷом додааст, ҳамчун ҳамла ба Камбоҷа, Амрикои Лотин ва . . .

Аммо чаро Амрико ин ҳама ҷанг мекунад?

Тибқи баррасиҳои иқтисодӣ, Амрико ҷангафрӯзиро на аз сари “ амниятталабӣ”, балки барои сӯдоварии иқтисодӣ, густариши нуфузи сиёсӣ ва фуруши таслеҳот дунбол мекунад.

- Саноати аслиҳасозии Амрико, як ғӯли иқтисодӣ аст:

- Ҷолиб аст, бидонед, ки фақат дар соли 2023, фуруши таслеҳоти ин кишвар 238 миллиарддоллар будааст.

- Ва 51٪ аз кулли фуруши аслиҳа дар ҷаҳон мутааллиқ ба ширкатҳои амрикоӣ аст.

- Кантроли манобе ва манотиқи жиополитик ва каридорҳо, ангезаи дигари ҷангҳо:

- Ин дигар ниёз ба гуфтан надорад: Нафти Ховари Миёна, бозорҳои низомӣ ва эҷоди пойгоҳҳои доимӣ дар манотиқи стротежӣ ва оброҳаҳо.

- Ва ин мешавад, ки имрӯз Амрико дар беш аз 80 кишвари ҷаҳон пойгоҳи низомӣ дорад.

- Таҳмили низоми арзишӣ барои сармоядории фарҳангӣ

Ҳатто худи сиёсатмадорони амрикоӣ ҳам ба ин воқеият изъон кардаанд. Ҷимми Картер, раисиҷумҳури пешини Амрико дар тамос бо Трамп гуфта буд:

“Амрико ҷангдӯсттарин кишвари дунёст, чун ҳамеша дар талош буда то арзишҳои худашро бо зӯр ба дигарон таҳмил кунад.”

Оё ин иштиҳо идома хоҳад ёфт?

Дар ин замина нишонаҳое вуҷӯд дорад, ки ин масир идома хоҳад ёфт

- Таҳдиди Канада барои илҳоқ ба хоки Амрико.

- Иддаои бозпасгирии канали Панама.

- Такрори пешниҳоди хариди Гренландия!

Албатта замони ҷангҳои ин маворид ҳануз мушаххас нест ва ба назар феълан дар ҳоли тарроҳии равонӣ аст!

Инҳо танҳо намунаҳое аз сиёсатҳои тавсеаталабонае ҳастанд, ки Амрико ҳатто алайҳи ҳамсоягонаш ҳам дар пеш гирифтааст.

Натиҷагирӣ

Ҷанг, бахше аз DNA сиёсӣ ва иқтисодии Амрикост.

Амрико ба сулҳ ниёзе надорад, чун аз ҷанг сарват месозад.

Аммо оё ин масир метавонад барои ҳамеша идома дошта бошад?

Ё ҷаҳон дар баробари ин сиёсатҳои ҷангталабона хоҳад истод?

Оё Амрико рӯзе ҷангро канор хоҳад гузошт?

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha