9 Март 2025 - 22:24
Source: Parstoday
Эял Замир: «2025 соли ҷанг аст»; Нигоҳе ба ҷадидтарин изҳороти мақомоти саҳюнист

Порс тудей - Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ талош кард, дар сояи даргириҳои хунин дар Сурия аз ин авзоъ баҳрабардории сиёсӣ кунад.

Исраэ Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ рӯзи гузашта ва дар вокуниш ба таҳаввулоти кунунии Сурия гуфт: Ал Ҷавлонӣ бо ба тан кардани либосҳои расмӣ як чеҳраи миёнарав аз худ нишон дода буд, аммо инак ниқоб аз сӯрати ӯ афтодааст.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Спутник, Катс бо тавҷеҳи густариши ишғолгарии режими саҳюнистӣ аз замони тағйири ҳукӯмат дар Сурия иддао кард: Исроил аз худ дар баробари таҳдидоти Сурия муҳофизат мекунад ва неруҳои мо дар манотиқи Сурия, аз ҷумлаи баландиҳои Ал Ҳармун боқӣ хоҳанд монад ва аз баландиҳои Ҷавлон ва Ал Ҷалил муҳофизат мекунанд.

Аз он сӯ, Эял Замир аз ҷараёни башиддат ҷангталаби режиму раиси ҷадиди Ситоди кулли артиши Исроил дар изҳороти ҷангталабона иддао кард: Соли ҷории милодӣ, соли ҷанг бо тамаркуз бар Ғазза ва Эрон хоҳад буд.

Ҳамчунин ва дар мавзӯи ғазза, Гидеон Саар, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ ҳушдорҳои Созмони милалу созмонҳои байналмилалиро дар мавриди хатари қаҳтии муҷаддад дар Борикаи Ғазза дар буҳбуҳаи муҳосираи шадиду таваққуфи кумакҳои башардӯстона рад кард. Саар рӯзи шанбе муддаӣ шуд, ки ин ҳушдорҳоро танҳо як дурӯғ медонад ва иддао кард, ки режими саҳюнистӣ ҳеҷ тааҳҳуде барои ирсоли кумакҳои башардӯстона надорад.

Таҳаррукоти Амрико ва рафтори Вашингтон низ аз дигар мавзуоте аст, ки ҳамчунон дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ пурсару садо аст. Чанде аст, хабари даргирӣ миёни мухолифону мувофиқон дар бораи навъи равобити режими саҳюнистӣ бо Амрико ба гӯш мерасад; дар ин замина, Яир Лапид, раиси мухолифони кабинаи режими саҳюнистӣ гуфт, ки Амрико ба иллати сустии кабинаи Исроил бо Ҳамос музокира мекунад, чун нигарони ҷони шаҳрвандони худ аст.

Албатта ва дар таомулоти ғайри расмии режиму Амрико низ хабар расид, ки Массад Булос, мушовири Доналд Трамп ва падари домоди вай дар манзили худ дар Вашингтон, пойтахти Амрико бо Йосси Даган, раиси шаҳракнишинони саҳюнистии Каронаи Бохтарӣ дидор ва бар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ таъкид кард. Дар ин дидор Булос ба Даган эълом кард: «Боиси ифтихори ман аст, ки қадрдонии худро ба бародарону хоҳаронам дар Исроил ва Лубнон бирасонам.»

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha