8 Март 2025 - 17:53
Source: Parstoday
Зарбулаҷали Ансоруллоҳи Яман ба Исроил; Истеъфои сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ

Порс тудей-Дабири кулли Ансоруллоҳи Яман бо таъйини зарбулаҷал барои режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки агар иҷозаи вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза дода нашавад, ҳамалоти худ алайҳи Исроилро аз сар хоҳад гирифт.

Ба гузориши Порстудей, Сайид Бадруддин ал-Ҳавси-дабири кулли ҷунбиш Ансоруллоҳи Яман шомгоҳи ҷумъа ҳушдор дод, ки агар режими саҳюнистӣ тайи 4 рӯзи оянда ҳамчунон аз ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ҷилавгирӣ кунад, амалиёти дарёии ин гурӯҳ алайҳи Исроил аз сар гирифта хоҳад шуд.

 Иҷрои марҳилаи дувуми тавофуқ, танҳо роҳи озодии асирон

 Хабари дигар инки; Анҷелист-асири саҳюнист рӯзи гузашта дар Ғазза хитоб ба сарони сиёсӣ ва низомии режими ишғолгар бо таъкид бар инки танҳо роҳи озодии асирон, тавофуқ дар бораи табодули онҳо ва иҷрои марҳилаи дувум тавофуқ дар бораи оташбас дар Ғазза аст, гуфт: Ба артиши Исроил мегӯям, ки наметавонед бо нируи низомӣ моро озод кунед.

 Истеъфои сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ

 Дар идомаи доминои истеъфои низомиёни аршади исроилӣ, расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки Даниэл Ҳогори-сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа аз мансаби худ истеъфо додааст. Гуфта мешавад Аёл Змир- раиси нави Ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ ин истеъфоро пазируфтааст.

 Афзоиши боздошти саҳюнистҳои ифротии мухолифи хидмати низомӣ

 Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи саҳюнистии Маъорив ба тозагӣ гузориш дод, ки ба дастури мушовири қазоии кабинаи режими саҳюнистӣ, артиши ин режим худро барои афзоиши боздоштҳо дар миёни саҳюнистҳои ифротии ҳриде, ки аз хидмати низомӣ дар артиш сарпечӣ мекунанд, омода мекунад.

 Маҳдудияти нав барои вуруди фаластиниҳо ба Масҷид-ул-Ақсо дар моҳи мубораки Рамазон.

 Режими саҳюнистӣ дар идомаи иқдомоти таҳрикомези худ алайҳи фаластиниён дар Қудси ишғолӣ, вуруди онҳо ба Масҷид-ул-Ақсо дар моҳи мубораки Рамазонро маҳдуд кард. Дафтари нахуствазири режими саҳюнистӣ интиҳои ҳафтаи гузашта эълом кард, ки танҳо мардони болои 55 сол, занони болои 50 сол ва кӯдакони зери 12 сол аз Каронаи бохтарӣ муҷоз ба вуруд ба Масҷид-ул-Ақсо дар моҳи Рамазон хоҳанд буд.
342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha