Ба гузориши Порс тудей,Абдулбори Атвон- таҳлилгари маъруфи ҷаҳони Араб бо ибрози шигифтӣ аз рафтори бархе кишварҳои арабӣ, ки аз музокираи мустақими Амрико бо Ҳамос сармаст шуда ва аз тағйир дар рӯйкард ва сиёсати давлати Трамп сухан гуфтанд, афзуд: Рӯй овардани Доналд Трамп ба музокира дар натиҷаи яъсу ноумедии давлат ва фиристодаи ӯ дар диктаи шартҳо бар муқовимати Фаластин аз тариқи миёнҷигарони араб ё таҳдид аст.
Ба гуфтаи Атвон, «таҳдид ба наслкушӣ бо бомбаҳои амрикоӣ ба дасти саҳюнистҳо низ маҳкум ба шикаст аст. Музокироти Амрико бо Ҳамос ҳадия ё миннат нест, балки эътироф ба шикаст ва бесаранҷомии ҳама тарҳҳои наслкушӣ ва кӯчондан аст.»
Вай изофа кард: Рӯй овардани Трамп ба музокираи мустақим бо Ҳамос пас аз он рух дод, ки фаҳмид Ҳамос аз таҳдидоташ наметарсад ва аз гушӯдани дарҳои ҷаҳаннам алайҳи он ва пойгоҳи мардуми устувораш ҳаросе ба дил роҳ намедиҳад ва ҳама тарҳҳояш аз ҷумла тарҳи кӯчондан ба шикаст анҷомидааст. Ҳамон тавр, ки таҳдидҳои ӯ ба кӯчондани натиҷаҳои баръакс ба ҳамроҳ дошт ва мухолифати куллӣ дар нишасти сарони Араб ва низ кишварҳои аврупоииро ба ҳамроҳ дошт.
Your Comment