Ба гузориши Порс тудей, дар ҳоле, ки унсурҳои вобаста ба ҳукумати ал-Ҷавлонӣ шаби гузашта даст ба куштори густурдаи ғайринизомиён дар ин кишвар заданд, ниҳодҳои байналмилалӣ ба вежа Шӯрои Амният вокунише ба ин таҳаввулот нишон надоданд.
Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ-раиси давлати ҳоким бар Сурия шаби гузашта дар вокуниш ба эътирози мардуми ин кишвар дар манотиқи шимолӣ алайҳи ин нируҳояш гуфт: Мо иҷоза намедиҳем сулҳи дохилӣ халалдор шавад. Вай муддаӣ шуд, ки нируҳои вобаста ба низоми Башор Асад дар Сурия қасд доранд ин кишварро ба ошуб бикашанд.
Ал-Ҷавлонӣ дар ҳоле ин иддаоро матраҳ мекунад, ки Мазлум Абдӣ-фармондеҳи нируҳои курди Сурияи демократ (ҚСД) эълом кард, ки ҳеҷ кадом аз нируҳои вобаста ба низоми Башор Асад дар манотиқи шимол ва шарқи Сурия ҳузур надоранд.
Шабакаи ал-Маёдин низ дар ин бора гузориш дод, ки Дидабони ҳуқуқи башари Сурия эълом кард, панҷ куштори ҷамъии ҷудогона дар манотиқи соҳилии Сурия рух дода, ки тайи он 162 ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон ҷони худро аз даст додаанд.
Дар ҳамин росто Шӯрои исломии алавиҳо дар Сурия бо судури баёнияе нисбат ба густариши доманаи даргириҳо ва куштори ғайринизомиён дар ин кишвар ҳушдор дод. Ин Шӯро аз Шӯрои Амният хост барои ҳимоят аз мардуми Сурия дар хатти соҳилии ин кишвар вориди амал шавад. Ин дар ҳоле аст, ки Шӯрои Амният ва ниҳодҳои байналмилалӣ то кунун дар баробари таҳаввулоти Сурия ва куштори ғайринизомиён дар ин кишвар сукут кардаанд.
342/
Your Comment