7 Март 2025 - 22:41
Source: Parstoday
Бе эътиноии Эрон ба троикаи аврупоӣ/ Ироқ : Мо PKK ва артиши Туркияро дар сарзамини худ намехоҳем

Порси тудей - « Mohammed Ali al-Houthi » , узви Шӯрои олии сиёсии Яман , дар вокуниш ба тасмими Амрико мабнӣ бар қарор додани номи Ҷунбиши Ансоруллоҳ дар феҳристи Созмонҳои террористӣ таъкид кард, ки сифати тероризм , барозанда Амрико аст , дар ҳолеки амалиёти яманиҳо дар ҳимоят аз Ғазза , комилан машрӯъият дорад

Тасмими Тайван барои хариди силоҳи бештар аз Амрико , вокуниши Шӯрои олии сиёсии Яман ба иқдоми Амрико дар қарододани номи Ҷунбиши Ансоруллоҳ дар феҳристи Созмонҳои террористӣ , давлати Трамп дар иҳотаи миллиардерҳо ва сарватмандон , дархости Бағдод аз Туркия барои хурӯҷ аз хоки Ироқ ва интиқоди Эрон аз сӯъиистифодаи Ғарб аз тривуни Ожонси байналмилалии энержии атомӣ , гузидае аз охирин ахбори Эрон ва ҷаҳон аст ки дар ин бастаи хабарӣ аз Порс тудей мехонед :

Раиси ҷумҳӯри Панама : Трамп дурӯғгӯ аст

«José Raúl Mulino » раиси ҷумҳӯри Панама , изҳороти « Доналд Трамп » раиси ҷумҳӯри Амрико мабнӣ бар инки Вашингтон раванди пас гирифтани кантроли канали Панамаро оғоз кардаастро рад кард ва гуфт : Трамп дурӯғгӯ аст . « Мулино » рӯзи чаҳоршанбе дар шабакаи иҷтимоии Экс навишт : Трамп боз ҳам дурӯғ мегӯяд . Канали Панама дар фароянди бозпасгирӣ нест .

Намояндаи Эрон дар Вена : Троикаи аврупоӣ дар ҷойгоҳӣ нест ки механизми мошаро фаъол кунад

Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена бо интиқод аз сӯъиистифодаи Ғарб аз тривуни Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои мақосиди сиёсӣ , таъкӣд кард ки дархости ироаи гузориши ҷомеъ дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон фоқиди ҳаргуна мабнои қонӯнӣ аст . « Муҳсен Назири Асл » рӯзи чаҳоршанбе тайи суханоне дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин бо таъкид бар инки троикаи аврупоӣ ноқизи қатъномаи 2231 ва БарҶом аст тасреҳ кард ки троикаи аврупоӣ аз назари ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар ҷойгоҳӣ нест , ки битавонад механизми мошаро фаъол кунад .

Алҳавсӣ : Террорист хондани Ансоруллоҳ аҳамиятӣ надорад ; Ғазза муҳимтар аст

« Муҳамадалӣ  Алҳавсӣ » , узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар вокуниш ба тасмими Амрико мабнӣ бар қарор додани Ҷунбиши Ансоруллоҳ дар феҳристи Созмонҳои ба истилоҳи террористӣ таъкӣд кард ки сифати тероризм , барозанда Амрико аст , дар ҳолеки амалиёти Яманиҳо дар ҳимоят аз Ғазза , комилан машрӯъият дорад . « Алҳавсӣ » дар идома тасреҳ кард ки ҷилавгирӣ аз ирсоли кумакҳо ба Ғазза ва ноком гузоштани тавофуқҳои сулҳ , тероризм амрикоӣ аст .

Сандерс : Давлати Трамп дар иҳотаи миллиардерҳо ва сарватмандон аст

« Берние Сандерс » сенатори мустақили Амрико аз иёлати « Вермонт » дар вокуниш ба суханронии раиси ҷумҳӯри ин кишвар дар Конгресс гуфт ки ӯ « мушти дурӯғ » ба хӯрди миллат дод . Сандерс дар ин хусӯс изҳор дошт : « Давлати Трамп дар иҳотаи миллиардерҳо ва сарватмандон аст ва давлати ӯ камтар ба мардуми одӣ ва табақаи коргар тавваҷуҳ дорад . »

Тасмими Тайван барои хариди силоҳи бештар аз Амрико

Муовини дафтари умӯри хориҷаи Тайван эълом кард ки ин ҷазира қасд дорад барои эҷоди равобити амниятии наздиктар бо Амрико , таслеҳоти бештарӣ аз ин кишвар харидорӣ кунад .

Ироқ : Артиши Туркияро дар сарзамини худ намехоҳем

« Qasim al-Araji » , мушовири амнияти миллии Ироқ рӯзи чаҳоршанбе аз нерӯҳои Туркия ва аносири PKK хост дар сӯрати иҷрои муваффақиятомези тарҳи сулҳи миёни Анкара ва ин гуруҳ аз шимоли Ироқ ақабнишинӣ кунанд .Qasim al-Araji ба хабаргузории Фаронса гуфт : Мо  PKK  ( Ҳизби коргарони Курдистони Туркия ) ва  артиши Туркияро дар сарзамини худ намехоҳем .

Африқои ҷанӯбӣ : Мамнӯъияти вуруди кумакҳо ба Ғазза нақзи қавонини байналмилалӣ аст

Вазорати хориҷаи Африқои ҷанӯбӣ дар баёнияе мамониати режими саҳюнистӣ аз вуруди кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза ва бастани гузаргоҳҳои марзиро маҳкӯм кард ва онро нақзи қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ баршумурд .

342/*

Your Comment

You are replying to: .
captcha