7 Март 2025 - 22:40
Source: Parstoday
Чӣ Сурияи хостаи Исроил аст ?

Уолл-стрит журнол аз талоши режими саҳюнистӣ барои эҷоди тафриқа ва тақсими Сурия парда бардошт .

Уолл стрит журнол дар гузорише эълом кард, ки режими саҳюнистӣ ба дунболи мутақоъид кардани друзиҳои Сурия аст то давлати ҷадид дар Димишқро напазиранд . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Исно , дар ин гузориш хотирнишон шудааст ин режим қасд дорад то миллиардҳо доллар барои дастёбӣ ба ин ҳадафаш ҳазина кунад ; Иқдоме, ки аз нигоҳи таҳлилгарони амниятӣ бо ҳадафи эҷоди тафриқа ва тақсими Сурия аст.

Бар асоси эъломи Уолл стрит журнол , режими Исроил ҳамчунин дар ҳоли лобӣ кардан бо қудратҳои ҷаҳонӣ перомуни идаи ташкили як кишвари ҷадид дар Сурия ба шакли системаи федеролии манотиқи қавмӣ худмухтор аст ки дар манотиқи марзии ҷанӯбӣ ҳам марз бо Фаластини ишғолии ғайринизомӣ бошад .

Пеш аз низ « Бинямин Натонёҳу » , нахуствазири режими саҳюнистӣ хостори ғайринизомӣ кардани ҷануби Сурия шуда буд .

Ба бовари таҳлилгарон , дидгоҳи режими саҳюнистӣ инаст, ки Сурияро заъифу ҷудо шуда нигаҳ дорад .

Бар асоси ин гузориш , бо инки баъид аст ки мақомҳои ҷадиди Димишқ як системаи федеролиро бипазиранд аммо режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба талошҳои худ идома медиҳад . Дар ин 3 моҳа ки давлати Асад суқӯт карда , Исроил зерсохтҳои низомии Сурияро ҳадаф қарор дода то монеъ ин шавад ки таслеҳот ба дасти мақомҳои ҷадиди ин кишвар биафтад .

Дар ин миён , бархе аз сарони тавоифи Сурия нигаронанд ки ҳадафи режими саҳюнистӣ ишғоли бештари арозии Сурия бошад . Онҳо мегӯянд ин режим дар ҳоли ҳозир дар амал кантроли устони Қунаитраи Сурияро дар ихтиёр дорад ки яке аз 3 устони ҳам марз бо сарзаминҳои ишғолӣ аст .

Ҳатто бархе аз сарони ҷомеъаи друзиҳои Сурия ҳам нигаронанд, ки аҳдофи минтақаии баландмуддати Исроил ба бесабутии бештар дар Сурия ва эҷоди нифоқу чанд дастагии амиқ дар дохил мунҷар шавад ки метавонад ба таниш дар саросари марз бинҷомад .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha