28 Феврал 2025 - 17:39
Ҳамнавозии муштараки навозандагони эрониву русӣ/ Дурахшиши филми эронӣ дар Полша ва Туркия

Консерти муштараки навозандагони эрониву русӣ дар Теҳрон баргузор шуд.

Консерти муштараки Оркестри маҷлисии навини Созмони Филармонияи Санкт-Петербурги Русия ва Оркестри симфоники Теҳрон ба раҳбарии Ярослав Забояркин шомгоҳи душанбе бо иҷрои қатаоте аз мусиқии классикӣ ва яке аз оҳангсозони эронӣ дар толори “Ваҳдат”-и Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар ин консерт қитъаҳои «Коморинское» ва «Волс фонтези», асари Михаил Глинко (1857 - 1804), оҳангсози рус ва бунёнгузори мактаби мусиқии модерни Русия, «Нуктурн» ва «Ворёсиюнҳои Рококо» барои виолунсел ва қатаоте аз осори Петр Илич Чайковский (1893 - 1840) аз оҳангсозони саршиноси рус, «симфонии шумораи 40», асари Волфганг Мотсарт (1791 - 1756), оҳангсози австрияӣ ва мусиқидони даврони классик ва «марсия» барои виолунсели асари Беҳзоди Абдӣ, оҳангсози эронӣ иҷро шуданд.

Дурахши филми эронӣ дар ду ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабари дигари ин ки филми кӯтоҳи эронии «Танҳо канори ҳам» ба нависандагӣ ва коргардонии Умеди Мирзоӣ ба ҷашнвораҳои байналмилалии филми Зуми Полша (3 то 9 марти 2025) ва Лабори Туркия (2 то 11 майи 2025) роҳ ёфт. Дар хулосаи достони «Танҳо канори ҳам» омадааст: Дар нимашабе зимистонӣ, исти бозрасии байнироҳӣ ба мусофирони як автобус машкук мешавад. Дар миёни мусофирон писарбачае, ки танҳо сафар мекунад, тавваҷуҳи полис, ронанда ва мусофиронро ба худ ҷалб мекунад.

342/