27 Феврал 2025 - 20:14
Ахбори Фаластин | Ҳадафи Исроил аз вайрон кардани зерсохтҳои Ғазза чист? / 6 навзоди фаластинӣ ях заданд!

Вазорати беҳдошти Фаластин аз афзоиши шумори шуҳадои наслкушии режими саҳюнистӣ ба 48 ҳазору 348 нафар хабар дод.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар иттлоияе эълом кард, аз ибтидои ҷанги Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун, шумори шуҳадои наслкушии режими саҳюнистӣ ба 48 ҳазору 348 нафар ва шумори захмиҳо ҳам ба 111 ҳазору 761 нафар расидааст.

Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз ИРНА, дар иттилоияи вазорати беҳдошти Фаластин тасреҳ шудааст: Тайи 24 соати гузашта, пайкарҳои ду шаҳид ба бемористонҳои Борикаи Ғазза мунтақил шуданд. Як ҷасад аз зери овори хориҷ шуда ва як фаластинӣ низ дар 24 соати гузашта бадаст низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид, дар ин муддат ду фаластинӣ низ захмӣ шуданд.

Артиши режими саҳюнистӣ тайи 471 рӯз ҷангу куштор дар Борикаи Ғазза, муваффақ ба дастёбӣ ба аҳдофи эъломии худ, аз ҷумла нобудии ҷунбиши Ҳамос нашуд ва дар ниҳояти ногузир ба пазириши шикаст дар баробари муқовимату тавофуқи оташбас шуд.

Ҷон бохтан 6 навзод бар асари сармои шадид дар Ғазза

Дар ҳамин ҳол, дар чанд рӯзи ахир, 6 навзоди фаластинӣ дар Борикаи Ғазза бар асари сармои шадид ва набуд васоили гармоишӣ ҷон бохтанд.

Дар ҳамин росто, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард: Ҷон бохтани 6 навзод дар Ғазза ба далели сармои шадид ва набуд имконоти гармоишӣ ва ҳамчунин вахомати ҳоли шуморе дигар аз кӯдакони бистарӣ дар бемористонҳо, натиҷаи сиёсатҳои муҷримонаи режими ишғолгари фашистӣ ва мамониати он аз вуруди кумакҳои инсонӣ ва ақломи зарурӣ барои искон аст.

90 дарсад аз манозили шаҳри Ғазза тахриб шудаанд

Аҳмад Ал Суфӣ, шаҳрдори Рафаҳ дар ҷануби Борикаи Ғазза низ дар бораи охирин вазъияти ин шаҳр гуфт: 90 дарсад аз манозили шаҳр, ба таври комил ё ҷузъи ношӣ аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ тахриб шудаанд.

Ҳадафи Исроил аз вайронии Ғазза ғайри қобили сукӯнат кардани он аст

Дар ин замина, Риёз Мансур, намояндаи доими Фаластин дар Созмони Милали Мутаҳид дар изҳороте таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ масъули вайрониҳои амдӣ дар Борикаи Ғазза аст, ки ҳадаф аз ин иқдоми табдил кардани он ба минтақае ғайриқобили сукӯнат аст.

Ташдиди таҷовузоти ишғолгарони саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз шаҳрҳои Наблос ва Ал Халил воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ юриши бурданд ва бо ҷавонони фаластинӣ даргир шуданд; дар ин даргириҳо як муборизи фаластинӣ шаҳид ва 31 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Барасоси эъломи гурдонҳои шуҳадои Ал Ақсо, дар ин даргириҳо муборизони фаластинӣ, низомиён ва худравҳои артиши режими саҳюнистиро ҳадаф қарордоданд, ки бар асари он шуморе аз неруҳои ишғолгари захмӣ шудаанд.