27 Феврал 2025 - 20:13
Калидҳое, ки умрашон аз Исроил бештар аст; намоиши осори Пикассо дар Теҳрон

Намоишгоҳи «калидҳое, ки умрашон аз Исроил бештар аст», дар Теҳрон баргузор шуд.

Намоишгоҳи «калидҳое, ки умрашон аз Исроил бештар аст», аз 19 феврал дар мӯзейи ҳунарҳои муосири Фаластин оғоз шуд ва то 20 март идома дорад.

Ба гузориши Порс тудей, ин намоишгоҳ, ки ҳосили аккосии Ваҳаб Ромизӣ аз фаластиниёни сокин дар чаҳор урдӯгоҳи оворагон дар Лубнон аст, ба ривояти зиндагии мардумоне мепардозад, ки дар ин урдӯгоҳҳо зиндагӣ мекунанд ва ба умеди рӯзе, ки ба хонаҳои худ бозгарданд, калиди хонаҳояшонро нигаҳ доштаанд.

Нодира Ризоӣ, муовини умӯри ҳунарии вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон дар ҳошияи боздид аз ин намоишгоҳ гуфт, ин намоишгоҳ намоёнгари ду масъалаи «инсон» ва «умед» аст. Мафоҳиме, ки маъное амиқу дағдағаи бузургеро бо худ ба ҳамроҳ доранд.

Хабари дигар инки намоиши осори Пикассо дар мӯзейи ҳунарҳои муосири Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ин намоишгоҳ беш аз 60 асар аз осори Пабло Пикассо аз давраҳои мухталифи кории ин ҳунарманди испаниёӣ, ки шомили 26 асари акватинта аз маҷмуаи «тромохё» ё «ҳунари говбозӣ» аст ва то кунун дар Эрон намоиш дода нашудааст, дар канори теъдоде дигар аз осори ин ҳунарманди барҷаста аз 5 март дар мӯзейи ҳунарҳои муосири Теҳрон ба намоиш дар хоҳад омад.

342/