25 Феврал 2025 - 17:37
Эътирози густарда зидди ишғоли Сурия / шаҳодати як асири фаластинӣ дар зиндонҳои Тел-Авив

мардуми ҷануби Сурия ба нишони эътироз ба таҷовузи режими Исроил ва ҳузури ғайриқонунии артиши он дар Сурия тазоҳуроти густурда баргузор карданд.

Рӯзи душанбе сокинони минтақаи Қунайтра дар ҷануби Сурия дар назди бинои волии шаҳри Ал-Баъс тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Ба гузориши Порс тудеӣ бо истинод ба шабакаи “Ал-Олам”, ин намоиш дар баробари омадани ҳайати вакилони Созмони Милали Муттаҳид барои таҳқиқи таҷовузи режими Исроил сурат гирифт. Ба ҷуз аз Қунайтра, дар чанд шаҳру рустоҳои дигари Сурия алайҳи ишғоли режими саҳюнистӣ ва сиёсатҳои таҷовузкоронаи он тазоҳурот баргузор шуд. Эътирозгарон шиорҳои "Исроил, аз Сурия дафъ шав" ва тақозо карданд, ки нерӯҳои ишғолгар аз ҷануби Сурия комилан хурӯҷ шаванд.

Пайкари поки шаҳид Сайид Сайфиддин дар оромгоҳи абадии ӯ ором гирифт.

Шабакаи Ал-Олам гузориш дод: Шоми душанбе пайкари поки раиси Шӯрои иҷроияи Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз маросими дафни бошукӯҳе, ки чанд соат идома дошт, дар зодгоҳи худ, дар ҷануби Лубнон, дар оромгоҳи ҷовидонаи ӯ ором гирифт. Дар маросими бо шукуҳи даҳҳо ҳазор нафар мардуми Лубнон ширкат доштанд. Иштирокчиёни маросими дафн бо шиорхои зиддисахюнистй ва нидохои «Мо хор шудем» шахид Сафиддинро ба суи кабри абадиаш гусел карданд.

Шаҳодати асири фаластинӣ

Кумитаи умури зиндониён ва озодиҳо ва маҳфили асирони фаластинӣ шаби душанбе аз кушта шудани як зиндонии фаластинӣ аз навори Ғазза дар зиндонҳои Исроил хабар доданд. Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои ишғолгар 3 марти соли 2024 дар ҷануби навори Ғазза Мусаб Ҳанӣ Ҳаниёро боздошт карданд. Ин кумита афзуд, бар асоси иттилоъе, ки аз артиши Исроил ба даст омадааст, ин маҳбуси фаластинӣ 5 январи соли 2025 дар зиндонҳои режим шаҳид шудааст.

Афзоиши шаҳидони Ғазза

Дар ҳамин ҳол, вазорати беҳдошти Фаластин дар гузорише эълом кард, ки тайи 24 соати гузашта ҷасади 7 шаҳиди фаластинӣ ба бемористонҳои навори Ғазза расидаанд. Илова бар ин, 6 захмӣ низ ба бемористонҳо бистарӣ шуда, шумори умумии шаҳидони фаластинӣ аз оғози ҷанги Ғазза дар 7 октябри соли 2023 ба 48 ҳазору 346 нафар ва шумори захмиён ба 111 ҳазору 759 нафар расидааст. Маркази иттилоотии Фаластин гузориш дод: "Бисёре аз қурбониён дар зери харобаҳо ва дар хиёбонҳо қарор доранд ва нерӯҳои наҷот ва пизишкӣ василаи расидан ба онҳо надоранд."

Парлумони араб ба ихроҷи фаластиниҳо аз сарзаминашон мухолиф аст

Дар нишасти Кумитаи Фаластин раиси порлумони Араб Муҳаммад ал-Ямаҳӣ мухолифати қатъии худро ба ҳар гуна тарҳи ихроҷи мардуми Фаластин аз сарзаминашон таъкид кард ва пойбанди худро ба қонунҳо ва қатъномаҳои байналмилалӣ, ки аз ҳуқуқи фаластиниҳо барои бозгашт ба сарзамин ва зиндагӣ дар он ҳимоят мекунад, эълом кард.