Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти олирутбаи Шӯрои ҳуқуқи башар ва конфронси халъи силоҳи Созмони Милал ба Женева сафар кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Ироқчӣ рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар бо ибрози таассуф аз идомаи бархӯрдҳои дугонаву гузинишӣ дар мавзӯи ҳуқуқи башар, истифодаи абзорӣ аз мавзӯоти ҳуқуқи башарӣ барои баҳрабардориҳои сиёсиро муҷиби тазъифи эътимоди миллатҳо нисбат ба Шӯрои ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои байналмилалӣ донист. Ироқчӣ афзуд: Эрон бо тавваҷуҳ ба фарҳанги ғанӣ ва таърихи тӯлонии худ дар заминаи ҳуқуқи башар, ҳамвора дар ҷиҳати иртиқои ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони худ талош кардааст. Дар ҳамин росто, мо иқдомоти густардаеро дар ҷиҳати иртиқои сатҳи ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллиятҳо дар кишварамон анҷом додаем.
Дигари ахбор:
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи поёни ҷанги Украинаро тасвиб кард.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шомгоҳи душанбе қатъномаи пешниҳодии Амрико барои поёни фаврии ҷанги Украинаву Русияро тасвиб кард. Тасвиби ин қатънома пас аз нокомии талошҳои Амрико дар Маҷмаи умумии СММ барои тасвиби қатъномаи мадди назари худ сурат гирифт. Дар раъйгирӣ дар Шӯрои Амният 10 кишвар ба қатъномаи Амрико раъйи мусбат ва 5 кишвар раъйи бетараф доданд, аммо ҳеҷ кишваре мухолифат накард. Қатъномаи Амрико дар мавриди Украина, ки аз ҳимояти Русия бархӯрдор буд, дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар ҳоле ба тасвиб расид, ки кишварҳои аврупоӣ ба шиддат бо тарҳҳои фишор ба Украина барои таслим шудан мухолифат карданду Фаронсаву Англия ин бор ба ҷои истифода аз ҳаққи вето (раъйи мухолиф) раъйи бетараф доданд.
Қонунгузори аврупоӣ: Исроил ёғӣ аст
“Ассошейтед Пресс” бомдоди сешанбе эълом кард: Линн Бойлан, қонунгузори зани Порлумони Аврупо гуфт, ки Исроил ёғӣ аст ва ин беҳурматӣ нишонаи сатҳи беэътиноии маҳзи он ба қавонини байналмилалӣ аст. Бойлан, ки узви ҳизби «Шин Фин»-и Ирландия аст, бо баёни инки Аврупо бояд Исроилро посухгӯ кунад, афзуд: Рафтори иҳонатомези Исроил натиҷаи нокомии ҷомеаи байналмилал дар масъулиятпазир кардани он аст.
Гуфтанӣ аст, режими саҳюнистӣ душанбе аз вуруди Бойлан ба Фаластин ҷилавгирӣ кард.
