Баҳшеди Бархурдор, намояндаи зартуштиён дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар нишасти раҳбарони адёни тавҳидӣ дар гиромидошти шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ки ин ҳафта дар Теҳрон баргузор шуд, изҳор дошт: Эрон парчамдори муқовимату истодагӣ дар муқобили ҳамаи ситамгарон аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Бархурдор афзуд: Ҳамаи кишварҳову давлатҳо бояд огоҳ бошанд, ки дар тарсими нақшаи коғазии Амрикои ҷинояткор ҳеҷ кишваре дар Ғарби Осиё аз тамаъи режими ҷаълии Исроил ва такфириҳои тарбиятшуда тавассути онон дар амон нахоҳад монд.
Бархурдор бо баёни инки давлати Амрико қобили эътимод нест, гуфт: Зарурат дорад ҳамаи адёни тавҳидӣ ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон дар муқобили ин ҳама ҷинояти дадманишонаву зиддиинсонии шарикони террористи истикбори ҷаҳонӣ барои бозгашти сулҳу амнияту оромишу осоиш ба по хезнд ва аз ҳуқуқи мазлумон дифоъ кунанд.
Намояндаи масеҳиён дар маҷлиси Эрон: Забони таҳдид дар баробари Эрон корсоз нест
Роберт Беглариён, намояндаи масеҳиёни арманиҳои ҷануби Эрон дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳам дар ин нишаст гуфт: Таърихи 5000 солаи Эрон гуёи иқтидору бузургии миллати шуҷои Эрон аст. Беглариён бо баёни инки забони таҳдид дар баробари Эрон корсоз нест, афзуд: Мо бо тамоми вуҷуд дар баробар беадолатӣ, истеъмор, таҷовуз ва фишор меистем ва 8 сол Дифои муқаддас гувоҳи он аст. Намояндаи масеҳиёни ароманаи ҷануби Эрон дар Маҷлиси шӯрои исломӣ ҳамчунин бо тамҷид аз шахсияти Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли шаҳиди Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Шаҳид Насруллоҳ бо меҳрубониву лутфу таомули созанда бо тамоми адёну ақвому гароишҳо аз шиаён то аҳли суннату масеҳиён то дигар адён дар иртибот буд ва дар конуни тавваҷуҳи вай буданд.
Вай афзуд: Бе тардид номи Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар канори мардону озодихоҳони ҷаҳон ҳак хоҳад шуд.
342/
