Размандагони яманӣ бомдоди якшанбе барои нахустин бор иқдом ба шиллики мӯшакҳои замин ба ҳаво ба самти як ҷангандаи F-16 амрикоӣ карданд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, ҷангандаи амрикоӣ бар фарози Дарёи Сурх дар савоҳили Яман дар ҳоли парвоз буд, ки ҳадафи ҳамлаи падофанди Яман қарор гирифт. Тибқи гузоришҳо ин ҷанганда осибе надида ва тавонистааст аз тирраси падофанди яманӣ фирор кунад. Мақомоти Пентагон эълом карданд, ки дар ҳамон рӯз, яманиҳо як мӯшаки дигарро ба сӯи як паҳподи амрикоии MQ - 9 шиллик карданд.
Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба марзи Лубнону Сурия
Аз сӯи дигар, расонаҳои исроилӣ эълом карданд, ки ҷангандаҳои артиши ин режим аҳдоферо дар минтақаи марзии Лубнону Сурия бомбаборон карданд. Артиши Исроил таъкид кард, ки ин ҳамалот ба масирҳое сӯрат гирифта, ки ба иддаои ин режим, Ҳизбуллоҳ аз онҳо барои интиқоли силоҳ истифода мекунад.
Шумори шуҳадои Ғазза ба 48,329 нафар расид
Ба гузориши шабакаи Ал Олам, Вазорати беҳдошти Фаластин шанбешаб эълом кард, ки дар 48 соати гузашта 10 шаҳид вориди бемористонҳои Борикаи Ғазза шудааст, илова бар он 4 маҷрӯҳ низ ба бемористонҳо муроҷиа кардаанд.
Ба ин тартиб шуҳадои ҷанги алайҳи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 ( 15меҳрмоҳи 1402) токунӯн дар натиҷаи тадовуми ҳамалоти ишғолгар ба 48,329 нафару теъдоди маҷрӯҳон ба 111,753 нафар афзоиш ёфт. Ҳануз пайкарҳои беш аз 14 ҳазор шаҳид дар Борикаи Ғазза зери овор мондааст.
Таҳаррукоти низомиёни саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ
Манобеи хабарӣ аз ҳодисаи амниятӣ дар наздикии Тубос дар Каронаи Бохтарӣ хабар доданд. Хабаргузории Ал Аҳд эълом кард, дар наздикии Тубос дар Каронаи бохтарӣ садои тирандозӣ шунида шудааст. Манбаи мазкӯр ба омодабоши низомиёни ишғолгару ҳаракати омбулонсҳо ба самти Тубос ишора карданд.
Кӯчондани иҷбории сокинони манотиқи пайрави аҳли байт дар Сурия
Хабари дигар инки, даҳҳо нафар аз наздикону вобастагон ба гуруҳҳои мусаллаҳи Сурия (вобаста ба Ал Ҷавлонӣ) дар вурӯдии ҷодаи мунтаҳӣ ба ду шаҳрак Набал ва Ал Заҳро дар атрофи шимолии Ҳалаб мусаллаҳона ба хиёбон омаданд.
Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, ин афрод бо сар додани шиорҳое хостори маҷбур кардани аҳолии ин ду шаҳрак ба пардохти маболиғи молӣ шуданд. Онҳо плакатҳое дар даст доштанд, ки рӯи он иборатҳое дар хусӯси дархости ихроҷи аҳолии ин ду шаҳрак, ки умдатан аз пайравони аҳли байт буданд, аз ин минтақа шуданд ва дархост карданд то хонаҳои онҳо ба аҳолии рӯстоҳои муҷовир, дода шавад.
Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба Қудс ва Каронаи Бохтарӣ
Низомиёни режими саҳюнистӣ дар ростои тадовуми ҳамалоти худ ба фаластиниён ба шаҳраки Абудис дар шарқи Қудси ишғолӣ ҳамла карда ва бо ҷавонони ин шаҳрак даргир шуданд. Дар Тулкарм низ неруҳои ишғолгар, иқдом ба эъзоми неру ва таҷҳизоти зиёде ба ин шаҳру урдӯгоҳ он карданд ва ҳамчунин ба шаҳраки Байт Аво дар ҷануби шаҳри Ал Халил ва шаҳраки Азно дар шимоли ғарби Ал Халил ва рӯстое дар шимоли Ромуллоҳ низ юриш карданд.
