23 Феврал 2025 - 19:31
Тавсияи Ироқчӣ ба ҳамтои ҳоландӣ: Бояд ба ҳокимияти қонӯн дар равобити байналмилал эҳтиром гузошт; тазоҳуроти фаронсавиҳои мухолифи НАТО

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар тамоси телефонии вазири хориҷаи Ҳоланд, бар иродаи Эрон барои таъомул бо ҳамаи кишварҳо бар асоси эҳтирому манофеи мутақобил таъкид кард.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар тамоси телефонии Каспар Волккамп, вазири хориҷаи Ҳоланд(Нидерландия), аҳамияти пойбандии ҳамаи давлатҳо ба ҳокимияти қонӯн дар равобити байналмилалу риояти усӯли Маншури милали муттаҳид бавижа эҳтиром ба тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии давлатҳоро ёдовар шуд.

Ба гузориши Порс Тудей, Ироқчӣ афзуд: Парҳез аз мудохила дар умӯри дохилии миллатҳо ва тақвияти чандҷонибагароӣ, лозимаи ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ аст.

Англия | Ифшои ҳамкории донишгоҳҳои Англия бо ниҳодҳои амниятӣ дар саркӯби донишҷӯёни муътариз ба ҷиноёт дар Ғазза

Таҳқиқоти муштараки шабакаи Sky News ва Созмони ҳуқуқи башарии Liberty Investigates ҳокӣ аст, ки дастикам 40 донишгоҳи Англия дар бораи эътирозоти донишҷӯӣ алайҳи ҷанги Ғазза бо полис ё созмонҳои иттилоотии хусӯсии ин кишвар, ҳамкорӣ ва табодули назар кардаанд.

Олмон | Ҳамлаи полиси Олмон ба муътаризон ба роҳпаймоии ҳаводорони аҳзоби рости ифротӣ

Торнамои Morgan Post эълом кард: Дар остонаи баргузории интихоботи порлумонии Олмон, неруҳои полиси ин кишвар ба таҷаммуъи муътаризон ба роҳпаймоии ҳаводорони аҳзоби рости ифротӣ ҳамла ва барои мутафарриқ кардани онҳо аз гази ашковар истифода карданд.

Покистон | Вазири хориҷаи Покистон: Набояд дар бораи тавонмандиҳои Эрон гумоназанӣ кард

Муҳаммад Исҳоқ Дор, вазири умӯри хориҷаи Покистон дар гуфтугу бо шабакаи TRT-и Туркия, бо таъкид бар мавзеи кишвараш дар маҳкӯмияти таҳдидоти режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон гуфт, ки Эрон як кишвари масъӯлиятшиноси мусулмон аст ва муътақидем, ки набояд дар бораи тавонмандиҳои он гумоназанӣ шавад.

Русия | Эрону Русия дар андешаи эҷоди полоишгоҳи хун бо сармоягузории муштарак

Мустафо Ҷамолӣ, мудир омили Созмони интиқоли хуни Эрон дар гуфтугӯ бо Спутник Русия аз барномарезӣ барои эҳдоси як полоишгоҳи хун бо сармоягузории муштараки Эрону Русия дар хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Аврупо | Тазоҳуроти ҳомиёни адами илҳоқи Булғористон ба минтақаи евро ба хушунат кашида шуд

Ассошиатед Пресс эълом кард: Тазоҳуроти ҳазорон нафар аз мардуми Булғористон ба даргирии шадид бо полис мунҷар шуд; муътаризон хостори адами пайвастан ба минтақаи евро ва пули воҳиди Иттиҳодияи Аврупо шуданд.

Ғазза | Гузоришгари СММ: Исроил аз гуруснагӣ ба унвони силоҳе алайҳи мардуми Ғазза истифода кард

Оливе де Шуттер (Olivier De Schutter), гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи фақру ҳуқуқи башар дар изҳороте таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ аз гуруснагӣ ба унвони силоҳе алайҳи мардуми Ғазза истифода карда то зиндагиро барои онҳо маҳол гирданд. Вай афзуд, бозсозии Борикаи Ғазза ниёзманди ҳаддиақали 53 миллиард доллар нақдинагӣ аст.

Эрон | Қолибоф ва Ироқчӣ дар маросими шаҳидон Насруллоҳ ва Сафиддин ҳузур хоҳанд дошт

Сафорати Эрон дар Бейрут дар баёнияе эълом кард: Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати баландпоя барои ширкат дар маросими ташйиъи шаҳидон Насруллоҳ ва Сафиддин ба Лубнон мераванд.

Фаронса | Тазоҳуроти мардуми Порис дар ҳимоят аз хурӯҷи Фаронса аз Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО

Хабаргузории РИА Новости навишт: Садҳо нафар аз мардуми Фаронса бо баргузории роҳпаймоӣ дар Порис, хостори хурӯҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шуданд. Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ плакатҳое бо мазоминт «Аврупо бас аст» ва «НАТО-ро мутаваққиф кунед» бо худ ҳамл мекарданд.