23 Феврал 2025 - 19:31
Далели маҳбӯбияти базри эронӣ дар ҷаҳон чист?

Шашумин ҳамоиши улӯму фанноварии базр(дона-тухма)-и Эрон дар шаҳри Кирмон баргузор шуд.

Вазири улӯм, таҳқиқоту фанноварии Эрон дар паёме ба шашумин ҳамоиши улӯму фанноварии базри Эрон бар таъмини амнияти ғизо бар асоси тавлиди базрҳои ислоҳ шуда ва муқовим дар баробари тағйироти муҳитӣ ва тавсеаи сармоягузорӣ дар тавлиди базр бо истифода аз ҷадидтарин ёфтаҳо ва фанновариҳои модерн таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей, дар паём Ҳусайни Симоӣ, вазири улӯм, таҳқиқоту фанноварии Эрон омадааст: Пешрафтҳои илмии Эрон дар заминаи фанновариҳои навини базр, аз ҷумла женетик ва ба нажоде пешрафта, фанновариҳои зистӣ ва мудирияти ҳӯшманди тавлиди базр, фурсатҳои беназире барои муқобила бо чолишҳои тағйироти иқлимӣ ва иртиқои баҳраварии кишоварзӣ эҷод кардааст.

Зарфиятҳои арзишманди Эрон дар заминаи тавлиди базр

Ҳусайни Низомободипур, сарпарасти Донишгоҳи Шаҳид Боҳунари Кирмони Эрон ҳам дар ин ҳамоиш бо ишора ба вуҷӯди зарфиятҳои арзишманди дохилӣ дар заминаи тавлид базр гуфт: Дар ҳавзаи гиёҳони зироъӣ, донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши олии Эрон бо ҳамкории муассисоти таҳқиқотӣ, мутолиоти густардаеро дар заминаи ислоҳу тавлиди базрҳои бумӣ ва муқовим анҷом додаанду натоиҷи умедворкунандае ба ҳамроҳ доштааст.

Содироти базри Эрон ба 5 кишвари ҷаҳон

Пештар, Фаромак Азизии Каримӣ, мудири кули дафтари умӯри ғаллоту маҳсӯлоти асосии Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон эълом кард: Базри зуррати ҳибреди Эрон ба 5 кишвари ҷаҳон содир мешавад. Вай афзуд, 98 дарсади тавлиди базри кишвар дар дохили Эрон ба дасти муҳаққиқони эронӣ тавлиду равонаи бозор мешавад.

Муаррифии 950 рақам базри ҷадиди зироъӣ ва боғӣ ба ҷомеъаи кишоварзии Эрон

Муҳаммадҳасани Асора, раиси Муассисаи таҳқиқоти сабту гувоҳии базру ниҳоли Эрон дар ҳошияи нишасти Кумитаи миллии муаррифии рақам дар Теҳрон гуфт: 950 рақами ҷадиди базри зироъӣ ва боғӣ тайи 10 соли гузашта пас аз тайи фароянди арзёбии фаннӣ дар Кумитаи миллии муаррифии арқом ба таъйид расидааст. Вай афзуд: Ба тозагӣ, чаҳор рақами ҷадиди лӯбиёчитӣ, як рақами ҷадиди лӯбиёи қирмиз ва як рақами ҷадиди лӯбиёи сафед тавассути муҳаққиқони муассисаи таҳқиқоти ислоҳу таҳияи ниҳолу базри Эрон муаррифӣ шуд ва номи онҳо ба феҳристи миллии арқоми гиёҳии Эрон изофа шуд. Ҳамаи ин арқом нисбат ба арқоми қаблӣ дорои бартарӣ буда ва таҳаммули муносибе ба бемориҳо доранд.

Рӯнамоӣ аз як маҳсӯли текнопоти ҳомили базр дар Эрон

Дар ҳошияи шашумин ҳамоиши улӯму фанноварии базри Эрон, маҳсӯли текнопоти ҳомили базр (кошт базр дар хокҳои хушку шӯр) рӯнамоӣ шуд.

Омодагии Эрон барои интиқоли таҷрибиёти садсолаи худ дар ҳавзаи ислоҳи наботот ба Судон

Ғуломризо Нурӣ, вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон дар дидори Алӣ Юсуф Аҳмад Ал Шариф, вазири хориҷаи Судон дар Теҳрон гуфт: Эрон омодагӣ дорад натоиҷи таҳқиқоти садсолаи худ дар ҳавзаи ислоҳи набототро дар ихтиёри муҳаққиқони судонӣ қарор диҳад, ҳамчунин метавон имкони интиқоли фанноварӣ ва омӯзиши ширкатҳои муҳандисии Эронро ба Судон фароҳам кард.