23 Феврал 2025 - 19:30
Пизишкиён: Насруллоҳ ва Сафииддин аз шарофати уммати исломӣ дифо карданд / Ироқчӣ: Насруллоҳ аз муқовимат, муъодилаи роҳбурдӣ сохт

Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар остонаи ташйиъи пайкари дабири кулли шаҳиди Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Ҳастем бар он аҳд, ки бастем.

Пайкари шаҳидон Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли собиқи ҳизбуллоҳи Лубнон ва Саидҳошим Сафииддин, раиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳи Лубнон имрӯз якшанбе 23 феврали 2025 дар ҷануби Лубнон ташйиъ мешавад.

Ба гузориши Порс тудей, Масуди Пизишкиён бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Миллати бузурги Лубнон сазовор аст, ки ба ҳамаи фарзандони диловари худ (бавижа ин ду Саиди бузургвор) ифтихор кунад; қаҳрамононе, ки ба паймони худ вафодор монданд ва аз шарофати уммат дифо карданд то шаҳодат дар роҳи Худо насиби онон шуд.

Раисиҷумҳури Эрон дар идомаи ин паём овардааст: Ҳастем бар он аҳд, ки бастем.

Қолибоф: Насруллоҳ иззати уммати исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат аст

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ пеш аз азимат ба Лубнон барои ширкат дар маросими ташйиъи раҳбарон муқовимат гуфт: Имрӯз нуқтаи атфе дар азимати ҷабҳаи муқовимат, уммати ислому мардуми Лубнон аст. Раиси маҷлиси Эрон таъкид кард: Шаҳид Насруллоҳ иззати уммати исломӣ, ҷаҳони ислому ҷабҳаи муқовимат аст.

Ироқчӣ: Саидҳасан муқовиматро ба як муъодилаи роҳбурдӣ табдил кард

Вазири умӯри хориҷаи Эрон, ки барои маросими ташйиъи пайкари шаҳидон Саидҳасан Насруллоҳу Саидҳошим Сафииддин ба Бейрут сафар кардааст, гуфт: Ташйиъи ҷинозаи имрӯз ба дунё нишон хоҳад дод, ки муқовимату Ҳизбуллоҳ зинда ва ба ормони худ вафодор аст. Вазири хориҷаи Эрон дар ёддоште таъкид кард: Саидҳасан Насруллоҳ дар асре, ки бисёре аз раҳбарони ҷаҳони арабу ислом дар баробари фишорҳои хориҷӣ сар фурӯд меовараданд, бо истодагӣ ва иззат, тафаккури муқовиматро ба як муъодилаи роҳбурдӣ дар сатҳи минтақа табдил кард.

Лориҷонӣ: Саидҳасан Насруллоҳ ҳӯшёриро дар ҷавонони минтақа бедор кард

Алии Лориҷонӣ, мушовири Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва узви Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, таъкид кард: Шаҳид Саидҳасан Насруллоҳ огоҳӣ ва ҳӯшёриро дар ҷавонони минтақа бедор кард ва дар тарози як сиёсатмадори мусулмон буд.

Раҳбарони адёни тавҳидӣ дар Эрон: Бояд садои Саидҳасан бошем

Раҳбарони адёни тавҳидӣ дар Эрон дар нишасте, ки ба муносибати бузургдошти шахсияти шаҳид Насруллоҳ дар калисои ҳазрати Юсуфи Теҳрон баргузор шуд, таъкид карданд, ки бояд садои Саидҳасан Насруллоҳро расонаӣ кунем ва муттаҳид бошем. Кишвари Фаластину Лубнон бояд аз ин ранҷ раҳоӣ пайдо кунанд. Калисо вазифа дорад, ки садои мардум бошаду садои касоне, ки дар Фаластин шунида намешавадро ба ҷаҳон бирасонем.