22 Феврал 2025 - 20:01
Ахбор | Дархости Олмон барои таҳти фишор қарор додани Амрико; афзоиши 18 дарсадии содироти Эрон

Вазири хориҷаи Олмон, хоҳони таҳти фишор додани давлати Амрико дар қиболи музокироти сулҳи Украина шуд.

Ба гузориши Порс тудей, Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон гуфт: Аврупо бояд Амрикоро таҳти фишор қарор диҳад то дар канори муттаҳидони худ дар НАТО бимонад ва сулҳе ноодилонаро бар Украина таҳмил накунад. Вазири хориҷаи Олмон ҳушдор дод, ҳар тавофуқе, ки бидуни ризояти Киев сарзаминҳои Украинаро дар изои замонатҳои амниятӣ ба Русия бидиҳад, шикаст хоҳад хӯрд. Вай афзуд: Як сулҳи ғалат, ки дар воқеъ боҷхоҳӣ ва таслим аст, сулҳ нест ва мӯҷиби заминасозӣ барои хушунату ҷанги бештар мешавад.

Аврупо | Росатом: Дар ҳоли музокира бо Эрон дар бораи сохти як нерӯгоҳи атомии дигар ҳастем

Алексей Лихачёв, мудир омили ширкати давлатии Росатом бо баёни фазоӣ дар назар гирифта шуда дар Эрон барои сохти нерӯгоҳи ҳастаии ҷадид мушаххас шудааст, гуфт: Ин ширкат дар ҳоли музокира бо Эрон барои сохти як нерӯгоҳи атомии дигар дар ин кишвар аст. Лихачёв таъкид кард: Эрон қасд дорад бо Росатом на танҳо дар заминаи нерӯгоҳҳои ҳастаии бузург, балкӣ дар заминаи тавлиди нерӯгоҳҳои ҳастаии кучак низ ҳамкорӣ кунад.

Осиёи Марказӣ | Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳали ихтилофоти марзӣ

Қирғизистону Тоҷикистон ҷумъа эълом карданд, дар бораи поён додан ба ихтилофоти марзии қадимӣ, ки мӯҷиби бурузи даргирӣ ва кушта шудани даҳҳо тан шуда буд, ба тавофуқ расиданд.

Режими саҳюнистӣ | Нигаронии Созмони милал аз ҳамалоти мустамари Исроил ба Каронаи Бохтарии ишғолӣ

Стефан Дюжаррик, сухангӯи Созмони милал гуфт: «Дафтари ҳамоҳангии умӯри башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид ба назорат бар вазъият дар Каронаи Бохтарӣ идома медиҳад ва ҳамчунон нигарони амалиётҳои мудовими неруҳои исроилӣ дар шимол аст, ки тӯлонитарин амалиёт аз авоили даҳаи 2000 токунӯн аст.»

350 навбат нақзи тавофуқи оташбас дар Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ

Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Ғазза ҷумъашаб эълом кард, ки душмани саҳюнистӣ 350 бор тавофуқро нақз карда, ки муҳимтарин онҳо ҷилавгирӣ ва эҷоди монеъ дар иҷрои мафоди протоколи инсонӣ будааст.

Эрон | Афзоиши 18 дарсадии содироти Эрон

Фуруди Асгарӣ, раиси кулли гумруки Эрон гуфт: Дар 10 моҳаи имсол мизони содироти коло нисбат ба муддат замони соли гузашта 18 дарсад афзоиш ёфтааст.