22 Феврал 2025 - 20:00
Шаҳодати 100 фаластинӣ тавассути артиши режим аз замони иҷрои оташбас; Идомаи ҳамлаҳои Амрико ба Сурия

Порстудей - Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Ғазза эълом кард, ки режими саҳюнистӣ 350 бор тавофуқи оташбасро поймол карда, ки муҳиммтарини онҳо ҷилавгирӣ ва эҷоди монеъ дар иҷрои бандҳои протоколи инсонӣ будааст.

Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Ғазза ҷумъашаб эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ аз замони иҷрои тавофуқи оташбас дар 19 январи 2025, 100 фаластиниро ба шаҳодат расонда ва 820 нафарро захмӣ кардааст.

 Ба гузориши Порстудей ва ба нақл аз ИРНА, бар асоси ин гузориш садҳо ҳазор хонаводаи фаластинӣ дар борикаи Ғазза, ки хонаҳои худро дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ аз даст додаанд, ба ҳадди ақал 60 ҳазор хонаи сайёр ва 200 ҳазор чодар ба манзури искони муваққат ниёз доранд.

 Шаҳрдори Рафаҳ ҳам бо ишора ба нокофӣ будани таҷҳизоти воридшуда ба борикаи Ғазза таъкид кард, ки вуруди 15 хона ва иқоматгоҳи сайёр дар қолаби панҷ корвон, ба манзилаи як қатра аз дарёи ниёзмандиҳои сокинони ин борика аст.

 Гуфтугӯ дар хусуси таҳаввулоти Ғазза

 Дар ҳамин иртибот, хабаргузории расмии Арабистон(ВОС) эълом кард, ки раҳбарони кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва Урдун ва Миср рӯзи ҷумъа дар Риёз бо якдигар дидор карда ва дар хусуси таҳаввулоти Ғазза ва масъалаи Фаластин гуфтугӯ карданд. Ин дидор ба даъвати валиаҳди Саудӣ баргузор шуд, то дидгоҳҳо ва назарот дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди табодул қарор гирад.

 Бар асоси ин гузориш, талошҳои муштарак барои ҳимоят аз қазияи Фаластин ва таҳаввулоти Ғазза мавриди баррасӣ қарор гирифт.Раҳбарони ҳозир дар дидори Риёз аз баргузории ҷаласаи изтирории сарони араб, ки қарор аст 4 март (14 исфанд) дар Қоҳира баргузор шавад, истиқбол карданд.

 Озодии 602 асири фаластинӣ

 Аз сӯи дигар Дафтари иттилоърсонии асирони фаластинӣ эълом кард, ки имрӯз (шанбе) дар чорчуби идомаи марҳилаи аввали тавофуқи оташбас дар борикаи Ғазза ва дар муқобили таҳвили 6 асири исроилӣ, 602 асири фаластинӣ озод хоҳанд шуд. Дафтари нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳам эълом кард, ки Тел-Авив номҳои 6 асири исроилиро, ки қарор аст имрӯз озод шаванд, дарёфт карда ва ба хонаводаҳои онҳо иттилоъ додааст.

 Аз ибтидои иҷрои тавофуқ дар 19 январи 2025, гурдонҳои Алқассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос дар ҷараёни муомилаи мубодилаи кунунии асирони 19 асири саҳюнистро дар қолаби 6 гурӯҳ таҳвил додааст. Шабакаи «КОН» (радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ) эълом кард: Исроил дар марҳилаи дувуми тавофуқ, хостори озодии 22 асири зиндаи зани исроилӣ шудааст.

 Бар асоси ин гузориш Амрико барои тавофуқи миёни Исроил ва Ҳамос зарбулаҷал таъйин карда ва аз Исроил ва Ҳамос хостааст, ки дар 2 ҳафтаи оянда ба тавофуқи нав даст ёбанд.

 Ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Сурия

 Хабари дигар инкӣ, расонаҳои сурӣ эълом карданд, ки иътилофи амрикоӣ як худравро дар шимоли устони Адилиби Сурия ҳадаф қарор додааст. Дар ин ҳамлаи ҳавое, ки тавассути як паҳпод анҷом шуд, як худрав дар наздикии рустои Қоҳ дар минтақаи Алдоно ҳадаф қарор гирифт. Шабакаи Алҷазира аз кушта шудани камаш як нафар дар ин ҳамла хабар дод.