Ба гузориши Порстудей, ӯ гуфт: Дар ҳоли ҳозир тиҷорати Эрон ва иттиҳодияи АвруОсиё 3.6 миллиард доллар аст, ки муқаррар шуда ин рақам дар оянда ба 10 миллиард доллар бирасад.
Эрон ва Афғонистон барои тавсеа ва тақвияти муносиботи пулӣ ва бонкӣ тафоҳум карданд
Муҳаммадризо Фарзин-раиси кулли Бонки марказии Эрон ва Нураҳмад Оғо-раиси Бонки марказии Афғонистон дар ҳошияи иҷлоси фановариҳои навини бонкӣ дар Русия бо якдигар дидор ва дар бораи тавсеаи муносиботи пулӣ ва бонкии ду кишвар ба ройзанӣ пардохтанд. Ду тараф дар ин дидор зимни ишора ба ҳаҷми муносиботи ду кишвар дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид карданд: Тавсеаи ҳамкориҳои пулӣ ва бонкӣ дар ростои афзоиш ва тақвияти муровидоти иқтисодии ду кишвар дар дастури кор аст.
Русия ба думболи фурсатҳои ҷадиди тиҷорӣ дар намоишгоҳи АвруОсиё дарТеҳрон
Хусрав Ҳасанбегов-раис дафтари намояндагии Маркази содироти Русия дар Эрон бо ишора ба баргузории севумин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва тахассусии тиҷорат бо АвруОсиё дар Теҳрон гуфт: Ширкатҳои русӣ бо ҳадафи ёфтани фурсатҳои ҷадиди тиҷорат ба думболи ширкат дар ин намоишгоҳ ҳастанд.
Ҳамкории Эрон ва Арманистон дар заминаи ҳуши маснуӣ, транзити коло ва саноъати фазоӣ
Сайидсаттор Ҳошимӣ-вазири иртиботот ва фановарии иттилооти Эрон дар дидор бо Гиригор Ҳокубиён-сафири Арманистон дар Теҳрон, «ҳуши маснуӣ», «транзит» ва «саноъати фазои»-ро ба унвони заминаҳои муносиби ҳамкорӣ бо Арманистон унвон ва таъкид кард, ки ду кишвар бар тавсеаи равобит ва ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо ба вежа ҳавзаи иртиботот ва фановарии иттилоот эҳтимом ва ирода доранд.
Таъсири таърифаҳои алюминий бар 123 бахши содироти Япония
Амрико қарор аст таърифаҳои изофӣ бар воридоти алюиний ҷорӣ кунад, ки бар 123 бахши Япония аз ҷумла таҷҳизоти сохти тароша ва қитъаҳои ҳавопаймо таъсир хоҳад гузошт. Ин таърифаҳо, ки қарор аст аз 12 март эъмол шавад, интизор меравад бар ширкатҳои японияӣ, ки ба шиддат ба содирот ба Амрико вобаста ҳастанд, зарба ворид кунад.
Афзоиши воридоти нафти Ҳинд аз Русия
Бо вуҷуди таҳримҳои Амрико, Ҳинд дар моҳи гузашта, воридоти нафти хом аз Русияро 4.3 дарсад афзоиш дод ва ба 1.58 миллион бушка дар рӯз расонд ва Русия ҳамчунон бузургтарин таъминкунандаи нафти Ҳинд монд.
